Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин вазифаи тоҷирон аст." Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст. ВИДЕО


Нархи телефонҳои мобилӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефони мобилиро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабаби инро ба сабти IMEI ва расмиёти гумрукӣ рабт доданд. Сокинон бар ин назаранд, ки иҷрои расмиёти гумрукӣ вазифаи онҳо нест ва набояд онҳо ҷабри қиматҳои баландро кашанд.

"Моле аз гумрук нагузаронданд, чӣ хел мефурӯшанд?"

Раҷабалӣ Ҳабибов, сокини ноҳияи Ёвонро ин чиз нигарон кардааст, ки маблағи расмиёти гумрукиро сокинон мепардозанд.

Ҳабибов 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо дар Тоҷикистон як телефони одӣ харида будем. СМС паёмак омад, ки агар телефонро аз расмиёти гумрукӣ нагузаронед, кораш қатъ мешавад. Ин корро кардем, лекин тоҷирон вақте телефонро ба Тоҷикистон ворид мекунанд, бояд худи онҳо инро пардохт кунанд, на мо. Моле, ки аз гумрук нагузаронидааст, чӣ хел ба мо мефурӯшанд?”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

IMEI қимати телефонро дар Тоҷикистон боло бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар дӯкону мағозаҳо на ҳама телефонҳо аз расмиёти гумрукӣ гузаштаанд. Тоҷирон ҳам дақиқ намедонанд телефонҳои мобилӣ чигуна бидуни расмиёт вориди бозор шудаанд. Онҳо мегӯянд, агар ҳангоми фурӯш пардохтҳои гумрукиро ба нархи телефон илова накунанд, зиён мебинанд.

“Масалан, телефоне, ки ду ҳазор сомонӣ бошад, бо назардошти пардохтҳои гумрукӣ 267, зиёди зиёд 300 сомонӣ мешавад. Агар болои нархи телефон харҷи пардохтҳоро илова накунем, албатта зарар мебинем”-афзуд, тоҷир Рамазон Саидзода.

Телефон 4 ҳазор, боҷ 600 сомонӣ

Афзоиши нархи телефон баъд аз як тасмими мақомот дар мавриди қатъи кори телефонҳое, ки IMEI-яшон сабт нашудааст, анҷом мешавад. IMEI –идентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ буда, аз 15 рақам ё рамз иборат аст. Агар он расман дар махзани ягона сабт нашавад, баъди 30 рӯз аз сӯи ширкати “Нет Солюшенс” хомӯш хоҳад шуд.

Вале барои сабти IMEI мақомот низомеро роҳандозӣ кардаанд, ки нахуст бояд маблағи андоз аз арзиши иловашудаи телефон ( 15 дарсад вобаста ба арзиши телефон) ва боҷи гумрукии он (10 доллари ИМА) пардохт шавад. Ба гунаи мисол, агар як телефони мобилӣ 4 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, бо назардошти пардохтҳои гумрукӣ тоҷирон онро бо маблағи бештар аз 4 ҳазору 600 сомонӣ мефурӯшанд.

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба пурсишҳои мо посух надоданд. Тоҷирон мегӯянд, агар пардохтҳои гумрукии телефон ва сабти IMEI-ро худи харидор анҷом диҳад, телефонро метавонанд бо нархи арзонтар фурӯшанд. Аммо сокинон ба ин чиз розӣ нестанд ва мегӯянд, пардохти боҷи гумрукии телефон набояд бар дӯши онҳо бошад.

“Ин вазифаи мақомот ва тоҷирон аст, на мардум”

Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев бар ин назар аст, сабти IMEI ва ба расмиятдарории телефонҳо вазифаи намояндагони Хадамоти гумруку тоҷирони воридкунанда аст, на сокинони одӣ.

“Тоҷироне ҳастанд, ки барои истифодаи шахсии худ якчанд телефонро мегиранду аз расмиёти гумрукӣ намегузаронанд. Дар инҷо ҳолатҳои қочоқ ҳам вуҷуд дорад. Инҷо танҳо айби тоҷирон не, балки айби ду тараф аст. Яке тоҷирон намехоҳанд, ки даромади кам бинанд. Дигаре Хадамоти гумрук мехоҳад, ки ҳар чӣ бештар даромад барои буҷет ворид шавад. Баъдан мақомот аз аввал вақте сабти IMEI-ҳоро ба миён гузоштанд, бояд тавонмандии молии мардумро барои анҷоми ин кор фикр мекарданд. Воқен ҳам барои сокинон гарон афтодааст,"-шарҳ дод, Фозилҷон Фатуллоев.

Маълум нест дар мағозаву бозорҳои Тоҷикистон чӣ миқдор телефонҳои бидуни расмиёти гумрукӣ ба савдо гузошта шудаанд ва аз кадом роҳ онҳо вориди бозори кишвар шудаанд. Чизе, ки ҳоло бештар боиси нигаронии сокинон шудааст, ин бо арзиши гарон дастрас намудани телефонҳои мобилӣ аст.

Мақомот ҳадафи сабти рамзро таъмини амният ва пешгирӣ аз қочоқи телефону планшетҳо гуфтаанд. Коршиносон онро як роҳи нави пулкоркунӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG