Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На Тошканд монду на Ҳиндустон, ба хотири ишқу фарзандон пораи ҷигарамро додам". ВИДЕО


Ба гуфтаи пизишкон, Муҳаммадӣ Лолахонов ва ҳамсараш баъди амалиёти пайвандсозии ҷигар худро хуб ҳис мекунанд
Ба гуфтаи пизишкон, Муҳаммадӣ Лолахонов ва ҳамсараш баъди амалиёти пайвандсозии ҷигар худро хуб ҳис мекунанд

Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.

Ҳамсари ин мард Лола Иралиеваи 48-сола беш аз 20 сол аст, аз бемории ҷигар ранҷ мекашад. Ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар аз шавҳар ба зан ду ҳафта пеш дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар шаҳри Душанбе анҷом шудааст. Ҳоло табибон сиҳатии ҳардуро хуб арзёбӣ мекунанд.

Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини ноҳияи Шаҳритус 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба амалиёти пайванди ҷигар барои он розӣ шуд, ки ҳамсарашро дӯст медорад ва мехоҳад ӯ болои сари фарзандон бошад.

"Гуфтам хотири фарзандонам бояд ин корро кунам. Духтару писаронам гуфтанд, ки мо порае аз ҷигари худро барои модар медиҳем. Аммо ман нагузоштам, гуфтам шумо солим гардед, ин корро ман мекунам,"-нақл кард ин мард ба Радиои Озодӣ.

Лолахонов ҳамчунин гуфт, аз зиндагии муштараки 30 солаашон чор фарзанд доранд. Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ӯ солҳо барои табобати ҳамсараш талош кардаву ҳатто барои пайдо кардани маблағи табобат солҳо дар Русия муҳоҷир буд. Ҳамсарашро низ барои табобат ба хориҷ аз кишвар ҳам бурдааст: "Тошканд рафтем, онҷо гуфтанд вақт ҳаст, Ҳиндустон равед. Барои Ҳиндустон имкони молӣ надоштам. Баъд бо кумаки дӯстон ва ҳамсояҳо занамро ҳаминҷо ҷарроҳӣ кардем.”

Лола Иралиева, ҳамсари ин мард аз фидокории шавҳар хушҳол аст: "Медонистам, ки шавҳарам маро дӯст медорад,»-мегӯяд ӯ.

Ба ҷуз аз дармон бахшидан ба дарди ҳамсараш, Муҳаммадӣ Лолахонов бо ин кораш мехоҳад дар қалби дигарон паёми муҳаббат ва эҳтироми инсониро ҷой кунанд ва асрори зиндагии хушбахтонаро барояшон омӯзонад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Медонистам, ки шавҳарам маро дӯст медорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:54 0:00

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори ин мард тавсиф карда ба ӯ чун марди вафодор таҳсин гуфтанд. Ин хабар ҳам дар ҳоле ба гуши корбарон расид, ки ҳар чанд вақт хабарҳо аз бадрафтории мардон бо ҳамсаронашон ва ҳатто куштори занон аз дасти шавҳарон расонаӣ мешавад.

Пизишкон мегӯянд, тақдими порае аз ҷигар аз сӯи мард ба занаш дар таҷрибаи онҳо камтар аст.

Муҳаммадшариф Мирғозиев, пизишки тоҷик
Муҳаммадшариф Мирғозиев, пизишки тоҷик

Муҳаммадшариф Мирғозиев, мудири шуъбаи пайвандсозии ҷигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "маъмулан занҳо, модарон, хоҳарон ҳастанд, ки порае аз узви бадани худро эҳдо мекарданд. Бародарон ҳам зиёд дорем. Як таҷриба ҳам доштем, ки падар барои духтараш донор шуд. Аммо ин дуюм нафаре буд, ки барои оилааш донор шуд. Соли гузашта ҳам як писари ҷавон барои оилааш порае аз ҷигари худро дод. Ин дуюм марде ҳаст, ки барои оилааш чунин кор кард".

Пизишкони тоҷик чанд сол боз амалиёти пайванди гурдаву ҷигар ва узвҳои дигари инсонро анҷом медиҳанд. Омори нав дар бораи онҳое, ки дар Тоҷикистон ба пайванди ҷигар эҳтиёҷ доранд, дастрас нест. Вале танҳо дар соли 2023, 60 мавриди пайвандсозии ҷигар анҷом шудааст, ки аксари донорҳо пайванди хешу таборӣ доштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG