Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигари кӯдак. ВИДЕО


Рӯзи ҷумъаи 26 декабр барои аввалин бор дар Тоҷикистон дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар кӯдак анҷом шуд.

Дар амалиёти пайвандсозии ҷигар дар кӯдак дар Душанбе, бар изофаи мутахассисони тоҷик, 5 нафар мутахассисони бахши пайвандсозии узвҳои инсон аз Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат доштанд ва он ҳудуди 7 соат идома кард. Дар ҷараёни пайвандсозӣ порае аз ҷигари модар -Тахмина Боқиева, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷигари духтараш Шарофат Неъматоваи севунимсола пайванд карда шуд.

Ба гуфтаи Саймаҳмуд Исмоилов, раҳбари Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон, маблағи харҷи ин амалиёти пайвандсозӣ ҳудуди 50 ҳазор доллар аст, ки аз сӯи ҳукумати кишвар пардохт шудааст. Феълан шумораи ниёзмандон ба ҷароҳии пайвандсозии ҷигар дар Тоҷикистон дақиқ нест.

Аммо ба гуфтаи доктор Малик Ҳусейнӣ, мутахассисони эронӣ дар яке аз марказҳои пайвандсозии узвҳои инсони “Намозӣ” дар шаҳри Шерози Эрон, дар маҷмӯъ ҳудуди 500 амалиёти пайвандсозии ҷигар ва 260 ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом шудааст. Ба эътиқоди мутахассисони эронӣ, 90 дарсади ин амалиётҳо муваффақона будааст.

Сар аз соли 2009 дар Тоҷикистон низ мутахассисони тоҷик пайвандсозии гурдаи инсонро ба роҳ монда ва то кунун 116 чунин ҷарроҳиро анҷом додаанд, ки дар аксари маворид муваффақона будааст.

Ҷарроҳии бомуваффақияти пайвандсозии ҷигар дар кӯдак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

XS
SM
MD
LG