Тибқи ин феҳрист ҳашт варзишгари тоҷик ба қатори 50 ҷудокори беҳтарини ҷаҳон дохил шуданд. Шаш нафари онҳо дар ҳамин ҳол ба рӯйхати варзишгароне, ки меъёрҳои олимпиро иҷро кардаанд, шомиланд.
Агар онҳо мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ то 23-юми июни соли 2024 аз даст надиҳанд, дасти кам панҷ нафарашон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 мешаванд.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошт.
Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 6260 имтиёз дар ҷойи аввал ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз баъди варзишгари русиягӣ Инал Тасоев (5000 имтиёз) дар ҷои дуюм қарор дорад.
"Ман орзу дорам, ки ба мисли Расул Боқиев дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ медал ба даст биёрам”, - гуфт Темур Раҳимов ба Радиои Озодӣ.
Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 3875 имтиёз ҷойи 6-ум ва дар феҳристи олимпӣ ҷои 10-умро касб кардааст.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 3401 имтиёз ҷойи 15-ум ва дар феҳристи олимпӣ ҷои 9-умро гирифтааст.
Комроншоҳи Устопириён дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2955 имтиёз ҷойи 19-ум ва дар феҳристи олимпӣ ҷои 17-умро ишғол мекунад.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 2678 имтиёз дар ҷойи 21-ум ва дар феҳристи олимпӣ дар ҷойи 16-ум аст.
Дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов дар радабандии ҷаҳонӣ бо 2132 имтиёз дар ҷои 26-ум ва дар феҳристи олимпӣ дар ҷои 21-ум мебошад.
Дарвоқеъ, аз ду варзишгари як кишвар, ки дар як вазн меъёрҳои олимпиро иҷро мекунанд, бар асоси муқаррарот танҳо як нафари онҳо дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Мавқеи варзишгарон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо:
- 60 кг
1. Рюдзю Нагаяма (Ҷопон) – 5780 имтиёз.
2. Франсиско Гарригос (Испания) – 5700.
3. Ҳарим Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5032.
…40. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон) – 1147.
…47. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон) – 995.
- 66 кг
1. Денис Виеру (Молдова) – 6580.
2. Ёндонпэрэнлэйн Басху (Муғулистон) – 5814.
3. Важа Маргвелашвили (Гурҷистон) – 4610.
…21. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)– 2678 (дар радабандии олимпӣ ҷои 16-ум)
…26. Обид Ҷебов (Тоҷикистон) – 2132 (дар радабандии олимпӣ ҷои 21-ум)
- 73 кг
1. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) – 6638.
2. Соичи Ҳошимото (Ҷопон) – 5540.
3. Муродҷон Юлдошев (Узбекистон) – 5503.
…15. Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон) - 3401 (дар радабандии олимпӣ ҷои 9-ум)
- 81 кг
1. Маттиас Кассе (Белгия) – 7907.
2. Тато Григалашвили (Гурҷистон) – 7515.
3. Ҷун Ҳван Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5540.
…6. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистонн) – 3875 (дар радабандии олимпӣ ҷои 10-ум)
…37. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон)– 1538.
90 кг
1. Лука Майсурадзе (Гурҷистон) – 7101.
2. Лаша Бекаури (Гурҷистон) – 5500.
3. Сансиро Мурао (Ҷопон) – 5200.
…19. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) – 2955 (дар радабандии олимпӣ ҷои 17-ум)
- 100 кг
1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон) – 6898.
2. Зелим Котсоев (Озарбойҷон) – 6030.
3. Михаэль Коррел (Нидерланд) – 5424.
+ 100 кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – 6260 (дар радабандии олимпӣ ҷои 2-юм)
2. Инал Тасоев (Русия) – 6000.
3. Алишер Юсупов (Узбекистон) – 4970.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), роҳхатҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 тибқи радабандии ҷаҳонии ҷудо бар асоси натоиҷи давраи интихобии олимпӣ тақсим мешаванд.
Яъне, мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо, ки аз 24-уми июни соли 2022 то 23-юми июни соли 2024 доир мегарданд, ба тақсимоти ниҳоии квотаҳо таъсир мерасонанд.
Шумораи умумии ҷудокорон аз як Кумитаи миллии олимпӣ, ки метавонанд соҳиби роҳхати олимпии Париж-2024-ро шаванд, 14 нафарро ташкил медиҳад (яккасӣ дар ҳар як вазн).
Гуфтугӯ