Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон. Заҳмате, ки нодида мегиранд


Маскав, моҳи сентябри соли 2021
Маскав, моҳи сентябри соли 2021

Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2023 ҷойгоҳи худро ба унвони қишри фоидаовар нигоҳ доштанд, аммо ин саҳми бузурги онҳо ба иқтисоди кишвар нодида гирифта мешавад. Чаро?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз солҳодар паёми худ ба порлумон рӯзи 28-уми декабр ба мавзӯи муҳоҷирони корӣ пардохт. Ба гуфтааш ба хубӣ аз вазъи онҳо огоҳ аст.

"Ман, шахсан, шароиту зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар хориҷи кишвар нағз медонам. Барои мову Шумо айб нест? На ин ки мардҳо, занҳои тоҷик, бонувони тоҷик дар муҳоҷират ҳастанд, ҳазорон ҳазор. Мо нангу номус дорем? Ҳар сол аз дигар ҷой аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо ва зиёдтар аз он ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандон мераванд. Чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён, фақат фикри, мебахшед, нафси бади худро дорем," – гуфт ӯ.

Омори мушаххасе наовард ва сабаби муҳоҷирати густурдаи тоҷиконро нагуфт. Президент Раҳмон ба мушкили муҳоҷират камтар мепардозад. Ба ҳамин далел аст, ки аксаран ба нодида гирифтани ин қишри муҳими ҷомеа танқид мешавад.

Фоидаи муҳоҷирон дар чист?

Муҳоҷири фурӯтани тоҷик амалан ба бренди кишвар бадал шудааст ва ин дар воқеъ чизи хуб нест. Ин нишон медиҳад, ки аввалан давлат ба овардани тағйири босифат дар иқтисод қодир нест. Ҳамаи шиор дар мавриди саноатӣ шудан ва навсозии иқтисодӣ ба ваъдаҳои холӣ табдил шудаанд.
Каримҷон Аҳмадов

Пули муҳоҷирон дар солҳои гуногун беш аз 40 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст. Дар соли 2022 ин нишондод ба 3,2 миллиард доллар расид. Ба бовари иқтисоддонҳо, пули муҳоҷирон иқтисоди аксар хонаводаҳоро дар Тоҷикистон гардон карда, ба рушди тиҷорат ва низоми бонкӣ мусоидат мекунад ва мардумро аз фақри шадид наҷот медиҳад.

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ, бо такя ба арзёбии ниҳодҳои молии байнулмилалӣ мегӯяд, муҳоҷирон ба кишвар арзи хориҷӣ (рубл, доллар, евро) мефиристанд, ки касри азими мувозинати тиҷорати хориҷиро мепӯшонад. "Воқеият ин аст, ки зарфияти содиротии Тоҷикистон се баробар камтар аз воридот аст. Ҳеч манбаи қобили таваҷҷуҳи дигаре барои вуруди арзи хориҷӣ вуҷуд надорад ва ҳеч кас бо пули мо дар хориҷ чизе нахоҳад дод," -- мегӯяд Чоршанбиев.

Вай афзуд, коҳиши қобили таваҷҷуҳи пули муҳоҷирон боис ба кам шудани гардиши бозори масраф ва даромади молиётӣ (андоз) ба буҷет мегардад. Дар ҳоле ки наздик ба 70 дарсади буҷети Тоҷикистон маҳз аз тариқи молиёт (андоз) таъмин мешавад.

Пайдову пинҳони муҳоҷират

Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия мавзӯи баҳси Маскав ва Душанбе боқӣ мемонад. Ҷониби Русия дар бораи будани тақрибан ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хоки худ гузориш медиҳад, аммо мақомот дар Душанбе танҳо бо садҳо ҳазор нафар иктифо мекунанд.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шудаанд, ки тақрибан 13 ҳазор бештар аз соли гузашта аст. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 500 шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти Русияро мепазиранд. Аммо, ба гуфтаи коршиносон вазъияти қонунии муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки ба шаҳрвандии Русия мерасанд, мисли аҳволи нерӯи кории содиршуда тағйир намеёбад.

Раванди беназорат

"Дар ҳоли ҳозир фавҷи ҳамватанони мо ҳар рӯз вориди Русия мешаванд ва аксарияти онҳо қувваи кории ғайримутахассис ва бемаҳорат мебошанд. Мақомоти Тоҷикистон бо дарки ин мушкил дар пушти парда ҳанӯз натавонистаанд дурнамои мантиқӣ ва истифода аз манобеи нерӯи кориро дар дохил ва хориҷи кишвар эҷод кунанд ва тарҷеҳ медиҳанд ин мушкили 20-соларо ба ҳоли худ гузоранд," -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров.

Ӯ бовар дорад, ки иншооти нави энержӣ, ки дар Тоҷикистон сохта мешаванд, мумкин аст, ба ҳалли нисбии мушкили кор кумак кунад.

Каримҷон Аҳмадов
Каримҷон Аҳмадов

Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд барои иқтисоди суст ва рушднаёфтаи кишвар муҳоҷирати корӣ ба як соҳаи стратегӣ табдил ёфтааст. “Гуфта метавонам, ки муҳоҷири фурӯтани тоҷик амалан ба бренди кишвар бадал шудааст ва ин дар воқеъ чизи хуб нест. Ин нишон медиҳад, ки аввалан давлат ба овардани тағйири босифат дар иқтисод қодир нест. Ҳамаи шиор дар мавриди саноатӣ шудан ва навсозии иқтисодӣ ба ваъдаҳои холӣ табдил шудаанд. Тоҷикистон дар қарни 21 дар ҷойгоҳи яке аз кишварҳои фақиртарин қарор дорад. Дар ин шароит соддатарин роҳи ҳал содир кардани нерӯи кории арзон ва бемаҳорат мебошад.”

“Вазъияти феълии иқтисодро метавон ба муътоди маводи мухаддир монанд кард ва нақши маводи мухаддирро инҷо пули муҳоҷирон иҷро мекунад. Агар пули муҳоҷирон набошад иқтисод фурӯ мерезад. Бесуботии иҷтимоӣ шуруъ мешавад. Бесуботии иҷтимоӣ ба худи ҳукумат таҳдид мекунад. Ҳеч кас инро намехоҳад ва аз ин рӯ давлат талош мекунад то ба наҳве раванди муҳоҷиратро мудирият кунад”, - афзуд Аҳмадов.

Иттилооти мамнӯъ

Аз соли 2013 мақомоти расмии Тоҷикистон нашри интиқоли пули муҳоҷиронро ба кишвар бас карданд. Намояндагони Бонки миллӣ дар солҳои гуногун гуфта буданд, ки ба пулҳои фиристодаи муҳоҷирон набояд ҳамчун манбаи асосии иқтисод таваҷҷуҳ шавад.

Аз моҳи августи соли 2022 Бонки марказии Русия низ иттилоотро дар мавриди интиқоли пулҳои фаромарзӣ, ки рӯзноманигорон тоҷик ба он такя мекарданд, қатъ кард. Ҳоло иттилои интиқоли пул танҳо аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ дар муддати камтар аз як семоҳа нашр мешавад.

Чаро мушкил ҳал намешавад?

Мардум дар Тоҷикистон аз бекорӣ азият мекашанд
Мардум дар Тоҷикистон аз бекорӣ азият мекашанд

Мушкили муҳоҷирати корӣ пайваста дар сатҳи сарони кишварҳо матраҳ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд масирҳои муҳоҷиратро афзоиш бидиҳанд, аз ҷумла ба кишварҳои Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубӣ ва ғайра. Аммо, коршиносон мегӯянд, ин мушкил хусусияти маҷмӯӣ гирифтааст.

Ба бовари Каримҷон Аҳмадов, ин вижагии низомҳои иқтидоргаро бо сохтори қабилаӣ аст, ки дар он ислоҳоти иқтисодӣ бо ҳадафи эҷоди кор анҷом намешавад, зеро тамоми саноеи калидӣ дар инҳисори як гурӯҳи хос аст.

“Ҳукумат наметавонад он гунае, ки лозим аст, кор кунад. Ба ин далел, ки дар иқдомоти худ мустақил нест ва бахше аз он гуруҳи ҳоким аст. Набудани рақобати сиёсӣ боис ба набуди роҳбарону идеяҳои нав ва иродаи сиёсӣ барои ислоҳот мегардад. Доира маҳдудтар шудааст. Ҷавоб ба ончи бо муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон рух медиҳад ин аст: дар ояндаи наздик мо шоҳиди афзоиши муҳоҷирати корӣ ва аҳамияти он барои иқтисоди заиф ва ислоҳнашудаи Тоҷикистон хоҳем шуд,” – хулоса кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG