Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳараш гуфт, муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик "бегуноҳ аст" ВИДЕО


Соро Юсуфова ва Сӯҳроб Юсуфов
Соро Юсуфова ва Сӯҳроб Юсуфов

Пайвандони Сӯҳроб Юсуфов, ронандаи 21-солаи тоҷик, ки дар Маскав дастгир шуд, аз мақомоти Тоҷикистон талаби кумак доранд. Онҳо мегӯянд, ки маъмурони пулиси Русия "муҳоҷирро шиканҷа дода, бегуноҳ дастгир кардаанд". Фарзияи муфаттишон дигар аст. Мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Боздошти муҳоҷири тоҷик, Сӯҳроб Юсуфов, дар бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав рӯзи 15-уми декабр сурат гирифт. Ба зидди ӯ ба иттиҳоми "зӯроварӣ ба маъмури амният" ва “таҳқири мансабдори давлатӣ” парванда кушодаанд. Наздиконаш мегӯянд, иттиҳом беасос аст.

Соро Юсуфова, хоҳари Сӯҳроб Юсуфов, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш як сол пеш ва баъд аз гирифтани парвона ё гувоҳиномаи ронандагӣ ба Русия рафта, ният дошт, зуд баргардад. “Ин бача бегуноҳ аст. Ӯро манъ карданд. Хостааст, мошинро дар ягон ҷо нигоҳ дошта, фарояд. Аммо зӯран фароварда, бо электрошокер беҳуш кардаанд. Ба болои ин, чанднафарӣ задаанд," – идома дод мусоҳиби мо.

Ба фарзияи тафтишот, ронандаи 21-солаи тоҷик ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат ба афсари милиса "итоат накард", "ба болояш мошин ронд" ва "ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар эҷод кард".

Ин ҳодиса хашми як гурӯҳ аз муҳоҷиронро барангехт, чун бовар доранд, ки моҷаро бо айби ходими пулис сар зад. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, чанд нафар барои раҳоии Сӯҳроб Юсуфов аз дасти пулис талош доранд. Баъди ин, тибқи гузоришҳо, беш аз 70 муҳоҷирро дар Русия ҷазо додаанд. Бархеро ба гуноҳи авбошӣ ва қисмеро ба гуноҳи риоят накардани қоидаи муҳоҷират.

Видеоро дар инҷо бинед:

Наздиконаш мегӯянд, Сӯҳроб Юсуфов "бегуноҳ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Бо гузашти чор рӯз аз боздошти Сӯҳроб Юсуфов, наздиконаш дар бораи аҳволи ӯ чизе намедонанд. Онҳо ният доранд барои ёрӣ ба фарзандашон рӯзҳои наздик ба Русия раванд. Феълан маълум нест, ки Сӯҳроб Юсуфов вакили мудофеъ дорад ё не.

Пайвандонаш барои раҳоии ӯ аз мақомоти Тоҷикистон низ дархости кӯмак доранд. Соро Юсуфова, хоҳари Сӯҳроб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дархосташон ин аст, ки “бародарашро пуштибонӣ кунанд, то бегуноҳ паси панҷара наравад.”

Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия муроҷиат кард. То ин дам мақомот ҳеч посухе надоданд.

Бо қарори додгоҳ муҳоҷири тоҷикро то 16-уми феврали соли оянда ба ҳабс гирифтаанд. Ба навиштаи додситонии Маскав, Сӯҳроб ба қарори додгоҳ эътироз кард.

Аз бадрафториву муносибати нохуб бо муҳоҷирон дар Русия пайваста гузориш мерасад. Мақомоти Тоҷикистон гоҳе ба амали мақомоти Русия эътироз мекунанд, аммо аксар вақт хомӯш мемонанд. Чизе, ки ба гуфтаи муҳоҷирон сабаб шудааст вазъ тағйир наёбад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG