Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ дода, ки корманди пешини пулис 31 сол дошта, баррасии парвандаи ӯ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.
Додситонии Бостонлиқ дар робита ба ин ҳодиса зидди сокинони маҳаллӣ Ш. А., М. З. и Ф. М. ҳам парванда боз кардааст. Онҳо ба фароҳам овардани шароит барои таҷовуз муттаҳам мешаванд. Ба гумонбарон аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар бораи дастдарозии корманди пулис ба номуси духтари 13-сола нахуст тарҳи “Nemolchi.uz” иттилоъ дода буд ва корманди пулис баъди расонаӣ шудани қазия “бо хоҳиши худаш” аз кор ихроҷ карда шуд. Ба иттилои расона, ҳодиса охирҳои моҳи майи имсол рух додааст.
“Духтари 13 сола он рӯз ҳамроҳи дугонааш дар куча қадам мезаданд. Ҳамсояи онҳо, ки духтар вайро хуб мешиносад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ба мошини дӯсташ – корманди пулис савор шаванд ва ҳамроҳашон ба сайругашт раванд. Духтарҳоро ба хонае мебаранд ва корманди пулис дар онҷо ба номуси духтари 13-сола дастдарозӣ мекунад”, - навиштааст “Nemolchi.uz”.
Аз ин ҳодиса модари духтар огаҳ шуда, ба пулис шикоят карда буд. “Nemolchi.uz” навиштааст, ки ташхиси судӣ-тиббӣ низ таҷовуз шудани ноболиғро тасдиқ кардааст.