Ин ҳушдор дар ҳоле дода шуд, ки интизор меравад Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 22-юми декабр тарҳи як қатъномаро қабул кунад.
Ба гузориши оҷонси "Франс Пресс", ҳадафи қатънома афзоиши интиқоли ёриҳои башардӯстона ба сарзамини фаластиниён аст, аммо дар он дархости оташбас вуҷуд надорад.
Тибқи маълумоти Созмони Милал аз 21-уми декабр, тамоми аҳолии Ғазза бо "хатари қарибулвуқӯи қаҳтӣ" ва беш аз ним миллион нафар бо шароити фоҷеабор рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ҷанг дар Ғазза баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳи тундрави "Ҳамос" дар ҳамлае рӯзи 7-уми октябри имсол камаш 1200 нафарро кушт ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифт.
Ин гурӯҳи фаластинӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.
Мақомоти беҳдоштии Ғазза мегӯянд, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил дар ин минтақа беш аз 20 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Ин рақамҳоро манобеи мустақил таъйид накардаанд.