33-юмин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 30-юми март оғоз шуда, мисли ду соли ахир дар ду марҳила сурат мегирад.
Дар марҳилаи аввал даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунад. Баъдан дастаҳо дар марҳилаи дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ҳар як даста дар мусобиқот 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи мусобиқоти лигаи олӣ – «Равшан»-и Кӯлоб – 11-уми май дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тасдиқ шуд.
Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад.
Соли оянда ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, вале дар як вақт ба майдон баромадани то панҷ легионер иҷозат дода мешавад.
Мавсими навбатии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум 19-уми апрел оғоз ёфта, дар ду давра баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки маблағи аъзогӣ барои дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон боло бурда шавад.
Ҳамакнун барои ширкат дар лигаи олӣ 80 ҳазор сомонӣ ва дар лигаи якум 40 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Қаблан маблағи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ 60 ҳазор сомонӣ ва дар лигаи якум 20 ҳазор сомониро ташкил медод.
Гуфтугӯ