Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб сокинон ҳар бор бо тарсу эҳтиёти зиёд аз роҳ мегузаранд. Баъзе аз кӯчаҳои севумин шаҳри калонтарини Тоҷикистон ё чароғи роҳнамо надорад ё ҳасту кор намекунад.
"Светофорҳо кор намекунанд. Бояд фаъол бошанд, то мошин истад ва як мӯйсафед ё як кампир аз роҳ гузарад. Ба рӯйи одам мошин меронанд," – гуфт Ҳамрохон, як сокини солманди Кӯлоб.
Мушкили дигар набудани хатҳои тақсимкуннадаи роҳ аст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳар дафъа пеш аз сафари президент маҳалли боздиди ӯро дурусту зебо мекунанд, аммо гӯшаҳои дигарро ба фаромӯшӣ супурдаанд.
Рустам, як сокини Кӯлоб, гуфт, "президент ба Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои дигари минтақа сафар мекунад. Ҳамон ҷойҳоеро, ки муҳтарам президент меравад, таъмир мекунанд, сафед мекунанд, ҷойҳои дигар ҳамин хел таъмирталаб мемонанд."
Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, ҳашт чароғи роҳнамо фаъол аст. Ба қавли шаҳрдор Бахтиёр Назарзода, “дар як соли охир зиёда аз ҳашт чароғак мондем. Якто чароғак дар пеши ҳукумат буд ва дигарҳояш вайрона. Тез-тез аз кор мебаромаданд. Ҳозир чароғакҳои замонавӣ мондем. Ният дорем, ки боз дар чаҳор гӯшаи шаҳр ҳамин гуна чароғак васл кунем.”
Мардум мегӯянд, бархеи онҳо фаъол нестанд. Барои мисол, чароғи роҳнамо дар чорроҳаи "Шабакаи Барқ" ва назди бемористону бозори "Сомонӣ" муддатест аз кор монда.
Барои танзими ҳаракати нақлиёт нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дастбакор шудаанд, вале на дар ҳама ҷойи шаҳр ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ