Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинҳои куҳнаи чанд идораро дар Тоҷикистон ба фурӯш гузоштаанд


Яке аз мошинҳое, ки ба музояда пешниҳод шудааст
Яке аз мошинҳое, ки ба музояда пешниҳод шудааст

Мақомоти Тоҷикистон, ки овардани мошинҳои куҳнаро аз хориҷа манъ кардаанд, дар музоядае беш аз 150 худрав, мусофирбар ва мошини боркаши идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Қасри Миллату Талко ва нерӯгоҳи "Роғун"-у нерӯҳои марзбониро ба фурӯш гузоштаанд.

Бар асоси эъломияи Корхонаи фурӯши амволи давлатӣ, ки Радиои Озодӣ 13-уми сентябр дид, ин мошинҳо аз ҳашт то сад ҳазор сомонӣ арзиш доранд. Музояда 19-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Барои мисол, "ГАЗ-53"-ро ки чиҳил сол умр дорад, 15 ҳазор сомонӣ ва "ЗИЛ"-ҳои ҳамсоли онҳоро 25 ҳазор сомонӣ нарх гузоштаанд.

Арзиши ибтидоии мусофирбари "Донг фенг" (2010), ки вобаста ба Қасри Миллат аст, панҷоҳ ҳазор сомонӣ ва автобуси "ПАЗ" шаст ҳазор сомонӣ аст.

Даҳҳо мошини нерӯгоҳи "Роғун", аз ҷумла УАЗ, Нива ва "Чанг Ченг" ба фурӯш гузошта шудааст, ки то сад ҳазор сомонӣ нарх доранд.

"Тойота королла" (2007)-и Хадамоти гумрук ба 56 ҳазор сомонӣ ва "Шевролет Нива"-и ҳаждаҳсолаи ҳамин ниҳод ба 28 ҳазор сомонӣ пешниҳод шудаанд.

Фурӯши мошинҳои куҳнаи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки овардани мошинҳои аз даҳсола боло ба Тоҷикистон мамнуъ гардид. Ҳукумат дар шарҳи санад гуфт, ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хидматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳо ба ҳаво аст”.

Қароре ба ин монанд панҷ сол пеш баромада, он замон сабаби дармондани мошинҳои зиёд дар роҳ ба Тоҷикистон гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG