Ӯ, ки солҳои дароз аз порлумон гузориш медод, рӯзи 23-юми октябр гуфт, "Шабдолов масъалаҳои муҳимро дар миён мегузошт, ҳарчанд на ҳамаи он аз сӯйи ҳукумат пазируфта ё ҷонибдорӣ мешуд".
"Тарафдори бозсозии низоми энергетиии Тоҷикистон буд. Мутаассифона, ҳукумат дастгирӣ накард. Мегуфт, ҳукумат набояд барои нархгузории барқ дахолат кунад. Инсони боинсоф буд. Дар вақти зарурӣ Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро низ дастгирӣ мекард, ҳарчанд намояндагони алоҳидаи он дар солҳои 90-ум бо шиори "Марг ба коммунистон" баромад мекарданд," – идома дод Аваз Юлдошев.
Ихтилоф бар сари чӣ буд?
Шодӣ Шабдолов чаҳор давра вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Дар интихоботи соли 2015 Ҳизби коммунист бо дарёфти танҳо ду дарсади ройи мардум аз ҳаққи доштани вакил дар порлумон маҳрум шуд. Ҳамин ҳолат дертар ихтилофҳоро дар дохили ҳизб ба вуҷуд овард.
Пас аз як баҳси дохилиҳизбӣ моҳи июли соли 2016 аз раёсати ҳизб канор рафт. Ин ба маънои хатми фаъолиятҳои сиёсии ин коммунисти собиқадор буд. Аз ҳамон сол то дами марг пушти парда монд ва хомӯширо ихтиёр кард. Амалан 25 сол дар раъси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор дошт.
Баъзе аз таҳлилгарон пойфишории Шабдоловро "барои аз даст надодани раёсати ҳизб" яке аз камбудҳои ӯ медонанд. Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигор ва таърихдони тоҷик, гуфт, "намехост ҳизб як роҳбари дигар пайдо кунад. Ихтилоф бо Исмоил Талбаков, яке аз чеҳраҳои матраҳи ҳизб, замоне ба вуҷуд омад, ки Талбаков иддао кард, раиси ҳизб мешавад. Фикр мекунам, хуб мешуд, бо дарназардошти син ба нафақа мерафт ё истеъфо медод."
Дар робита ба он ки Шабдолов дар солҳои навадум чӣ гуна ба раҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон расид, Нуралӣ Давлатов ду фарзияро матраҳ кард: “Яке котибони Ҳизби коммунист дар соҳаи саноат ва нақлиёт буд. Вақте Маҳкамов ва Аслоновро барканор карданд, намедонам ё барои мақомаш ё барои он ки каси дигаре намехост роҳбариро ба уҳда гирад, охири моҳи сентябри соли 1991 дар пленуми фавқуллода раиси ҳизб интихоб шуд."
Митинг, “Озодӣ” ва “Шаҳидон”
Таҳаввулоти оғози солҳои 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон мисли ҳавои баҳорӣ буд, ки бисёр зуд ранг дигар мекард. Мавқеъгириҳои Шодӣ Шабдолов ҳам дар таҳаввулоти зудивазшаванда канор намонда буд.
“Дар солҳои 1991-1992 як ё ду бор мавқеашро тағйир дод. Масалан, вақте хостанд, ки Навҷувоновро аз вазифа барканор кунанд, Шодӣ Шабдолов дар муқобили Сафаралӣ Кенҷаев мавқеъ гирифт. Дар митингҳое, ки соли 1992 шуруъ шуданд, аз ҳукумати коммунистии Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ кард,” -- шарҳ дод Нуралӣ Давлатов.
Вале Субҳон Сафиаллоев, раиси собиқи дафтари Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, Шодӣ Шабдолов ҳамеша дар мавқеъгириҳои худ устувор буд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, “Ҳизби коммунистро дар Тоҷикистон бештар бо номи Шабдолов мешиносанд”.
“Дар ҳақиқат, чӣ давлатдорӣ, чӣ сиёсатмадорӣ пеш аз ҳама аз шахсият вобаста аст. Шодӣ Давлатович шахсияти покрӯ, покдоман буданд. Вақте инсон дар набард авввалин мешавад, мардум ба ӯ баҳо медиҳанд. Вақте соли 1991 роҳбарии ҳизбро бар дӯш гирифт, тамоми мардум вайро эҳтиром карданд," – афзуд ӯ.
Дар соли 1992 сару садо паҳн шуд, ки Шодӣ Шабдолов ба вилояти Хатлон рафта, ҷавонони минтақаро ба муқобили мухолифони майдоннишин даъват кардааст.
Рӯзноманигор ва таърихдон Нуралӣ Давлатов мегӯяд: “Соли 1992, вақте дар майдони Шаҳидон тазоҳурот шуд ва 17 депутатро гаравгон гирифтанд, овоза пайдо шуд, ки Шодӣ Шабдолов ва Назрулло Дӯстов, муовини президент Раҳмон Набиев, гуё ба Кӯлоб рафтаанд. Тибқи ҳамин овоза, онҳо гуё аз мардум даъват кардаанд, ки дар муқобили оппозитсия, дар муқобили майдони “Шаҳидон” митинг ташкил кунанд. Ин фақат овоза буд. То ҷое маълумот дорам, Шабдолов воқеан ба Кӯлоб рафта буд, аммо инашро намедонам, ки оё мардумро даъват кардааст, ки дар муқобили майдони Шаҳидон мавқеъ бигиранд ва ба Душанбе биёянд ё не.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Бархилофи коммунистони зиёде, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ назарашонро дар маҳзари ом дигар карданд, Шодӣ Шабдолов то охир ба ақидаҳои марксистӣ-ленинӣ содиқ монд ва аз хидматҳои Шӯравӣ барои Тоҷикистон зиёд тавсиф мекард.
Дӯстонаш мегӯянд, ӯ ният дошт, дар бораи садсолагии инқилоби октябр китобе чоп карда, писари хурдияшро оиладор кунад, аммо фурсат даст надод. Ӯ бар асари беморӣ дар 80-солагӣ даргузашт. Рӯзҳои охири ҳаёти худро дар зодгоҳаш, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронд.
Гуфтугӯ