Шодӣ Шабдолов, вакили собиқи порлумон ва раиси пешини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, гуфт, ки дар кишвар гуногунандешии воқеӣ боқӣ намондаст. Шабдолов пас аз се соли рафтанаш аз мақоми роҳбарии ҳизб хомӯширо шикаст ва бо Радиои Озодӣ дар бораи даврони бознишастагӣ, хатари мухолифони пинҳонӣ дар Тоҷикистон, "парвоз бо як қанот" ва гурезаҳои сиёсии тоҷик суҳбат кард.
Радиои Озодӣ нахуст аз Шодӣ Шабдолов пурсид, ки ин шабу рӯз ба чӣ кор машғул аст?
Оё дар ҷое дидаед, ки ҳавопаймо ё парранда бо як қанот парвоз кунад? Ман инро ба таври рамзӣ гуфта будам. Маънояш ин аст, ки агар гуруҳи мухолиф пешниҳоди алтернативӣ накунад, мисли парвоз бо як қанот аст. Натиҷаашро мебинед
Шодӣ Шабдолов: "Ҳоли мо бисёр хуб аст. Хушбинам, чун қутби ман хушбинӣ аст. Вақти ман ин шабу рӯз бештар барои иншои мақолаҳои илмӣ, таърихӣ ва идеологиву иқтисодӣ сарф мешавад."
Радиои Озодӣ: Аз роҳбарони собиқадори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будед. Нақши ҳизберо, ки қариб 30 сол роҳбараш будед, ҳоло дар фазои сиёсии кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Шодӣ Шабдолов: "Нақши ҳизбро худатон мебинед. Вақте ҳизб дар порлумон намоянда надорад, чӣ нақш иҷро карда метавонад? Ҳатто пешниҳоде ҳам карда наметавонад. Лекин ҳастанд рафиқоне, ки ба Ҳизби коммунист то ҳол содиқанд ва аз ақидаашон нагаштаанд. Ман аз фаъолияти коммунистӣ худамро канор накашидаам. Лекин ба ин тарафу он тараф намоиш додан зарур нест, барои ин вақт ҳам надорам."
Радиои Озодӣ: Дар даврони роҳбарии Шумо Ҳизби коммунист то ҷое фаъол буд. Садояш дар робита ба масъалаҳои муҳим шунида мешуд. Ҳоло дигар садои ин ҳизбро намешунавем, чаро?
Шодӣ Шабдолов: "Он интихоботе, ки буд, интихобот набуд (манзур интихоботи порлумонии соли 2015. Р.О). Медонед, ки Ҳизби коммунист аз ҳама зиёд дар интихобот овоз гирифт. Дар баъзе ноҳияҳо то 95 дар сад овоз гирифт. Аммо ду дар сад навиштанду бас. "Гуд бай" гуфтанд, равед ба куҷое шикоят кунед. Хуб, акнун дар порлумон нестем ва вақте ҳизб дар порлумон набошад, садояш аз куҷо мебарояд? Он ба касе маъқул аст ё не, лекин пешниҳоди ин ё он ҳизбро ҳукумат ва порлумон бояд гӯш кунанд. Чизе, ки қобили қабул аст, қабул кунад, чизе ки қобили қабул нест, бо далелу бурҳони қотеъ рад кунанд."
Радиои Озодӣ: То интихоботи порлумонӣ як соли дигар мондааст. Оё қасди иштирок дар ин маъракаро доред?
Шодӣ Шабдолов: "Не, ман дар ин бора ягон нақша надорам."
Радиои Озодӣ: Нақшаи дубора ба роҳбарии ҳизб ҳам баргаштанро надоред?
Шодӣ Шабдолов: "Ман аз 12-уми декабри соли 1990 роҳбари қисми идеологиия Ҳизби коммунист будам. Яъне, масъули бахши маориф, тандурустӣ, матбуоту телевизион ва радио. Қариб 30 сол дар органҳои Ҳизби коммунист аз сатҳи вилоят то ҷумҳурӣ роҳбар ва ҳамчунин вакил будам. Ин шӯхӣ нест. Бо ин ҳама, аз фаъолияти сиёсӣ дур нарафтаам, аммо дигар вақт ва синну сол имкон намедиҳад. Фурсати кам дорам, то аз зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии худ натиҷагирӣ кунам."
Радиои Озодӣ: Ба назар мерасад, солҳои охир на танҳо Ҳизби коммунист, балки аҳзоби дигар низ хомӯширо ихтиёр кардаанд. Чаро?
Шодӣ Шабдолов: "Ман бори дигар мегӯям, ҳизб бояд дар порлумон ақаллан як намоянда дошта бошад. Намояндае, ки худи ҳизб онро пешниҳод кардааст, на ин ки намояндаи ҳукумат ӯро тибқи хоҳиши худ қабул кардааст. Он вақт вай пешниҳоде карда метавонад. Дар ғайри сурат, чизе ҳам гӯянд, эҳтиёткорона мегӯянд. Лекин ман то ҳол дар як ақида ҳастам, ки инсон бояд дурӯғ нагӯяд. Ман дар умрам дурӯғ нагуфтам ва бе далел ҳарф назадам. Мутаассифона, ҳоло гуногунандешӣ дар шакли зарурӣ вуҷуд надорад.
Радиои Озодӣ: Баъзе созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҳукумат интиқод мекунанд, ки пас аз соли 2015 садои мухолифонро дар дохил хомӯш кард. Вазъро чӣ гуна мебинед?
Шодӣ Шабдолов: "Ман ҳамчун коммунист мегӯям, ки пояи иқтисод -зербинои ҳар кишвар аст. Порлумон, ҳизб, дин ҳукумат инҳо рӯбино ё “чердак” ҳастанд. Вақте зербино, ки суст шуд, тамоми появу сустуни давлат хароб мешавад. Барои ҳамин, роҳбарият бояд ба зербино таваҷҷуҳ кунад. На ин ки ҳамаи моликиятро ба ин тараф ва он тараф ба ҳар баҳона тақсим кунад. Натиҷаашро имруз дида истодаем."
Радиои Озодӣ: Манзури Шумо ин аст, ки вазъи иқтисодии кишвар хуб нест?
Шодӣ Шабдолов: "Бале"
Радиои Озодӣ: Шумо баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи соли 2015 гуфта будед, ки ҳукумат мехоҳад бо як қанот парвоз кунад. Ҳоло бигӯед, ки парвоз бо як қанот чӣ натиҷа дод?
Шодӣ Шабдолов: "Оё шумо дар ҷое дидаед, ки тайёра ё парранда бо як қанот парвоз кунад? Ман инро ба таври рамзӣ гуфтам ва маънояш ин аст, ки агар гуруҳи мухолиф ё фраксия бар иловаи пешниҳоди Шумо пешниҳоди алтернативӣ накунад, ин парвоз бо як қанот аст. Натиҷаашро дида истодаед. Намегӯям, ки бархе мақомдорон бесалоҳият ва бетаҷриба ҳастанд. Одамони бофарҳанг ҳастанд, лекин имконият надоранд, чунки гуногунадешии воқеӣ дар кишвар нест. Ин гуногунандешӣ бояд аз сатҳи қишлоқу ҷамоат оғоз шавад ва то сатҳи ҷумҳурӣ расад. Агар дар онҷо сар шавад, баъд ҳизбҳои нав пайдо мешавад. Ҳизбҳое, ки салоҳиятро аз даст доданд, аз майдони сиёсат мераванд, ба ҷойи онҳо дигарон меоянд."
Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки аз набуди гуногунандешии воқеӣ дар кишвар гуфтед, мехостам пурсам, ки оё феълан дар дохили кишвар нерӯҳои мухолиф вуҷуд доранд?
Шодӣ Шабдолов: "Нахуст мехоҳам як чизро гӯям. Хуб нест, ки аз давлати худ бигрезӣ ва дар давлатҳои дигар рафта доду фарёд карда бигардӣ. Ин кори хуб нест. Ман дар тамоми давраи фаъолияти сиёсиям ҳеҷ вақт ватану давлати худро паст назадам. Дар ҳаминҷо мегуфтам, ки ки ин дуруст аст ва он дуруст нест. Вале вақте ба хориҷа сафар мекардам, ҳеҷ вақт ватани худро паст намезадам. Вақте ки як гуруҳ маҷбур мешавад фирор кунад ва давлати дигар ӯро қабул мекунад, албатта он давлат ҳам манфиати худро дорад. Ӯро, албатта, ройгон қабул намекунад. Аммо бо ин вуҷуд ин як фоҷиа аст барои мо."
Радиои Озодӣ: Манзурам ин аст, ки ба гуфтаи баъзе созмонҳои байналхалқӣ баъди соли 2015 дар кишвар дигар нерӯҳои мухолиф боқӣ намонд...
Шодӣ Шабдолов: Нерӯҳои мухолиф ҳеҷ вақт аз байн намераванд, лекин вақте ки мухолифин ба таври ошкоро фаъолият накунад, пинҳонӣ амал мекунанд. Мо шакли пинҳониашро дидем, ки чигуна бо ваъдаи пулу мол ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ афтоданд. Ҳоло аз Тоҷикистон чандин нафар ба Сурия ва Афғонистон рафтанд, қисме бе ному нишон шуданд. Инҳо ҳамаашон пинҳон амал карданд. Ҳамон пинҳонӣ хавфнок аст. Агар ошкор ҳизб ё созмони ҷамъиятӣ бошад ва ошкоро фаъолият кунад, хавф надорад. Вақте мераванд ва сафи ДИИШ-ро пур мекунанд бисёр хавфнок аст. Ҳукумат бояд сари ин андеша кунад. Андеша кунад, ки шаҳрвандон ошкор фаъолият кунанд, на ин ки гуреза шаванд. Дар давлатҳои дигар ва ба ҷойи манфиат миллии худ манфиати давлатҳои дигарро ҳимоя кунанд."
Радиои Озодӣ: Кадом рӯйдодҳои солҳои ахирро муҳим меҳисобед?
Шодӣ Шабдолов: "Аз хуб шудани равобит бо Узбекистон бисёр хушнуд ҳастам. Хеле хуб шуд, ки созишнома имзо шуд, сарҳад боз гардид. Мардум ҳам аз ин хушҳоланд. Бисёр ташаккур мегӯям ба раисони ҷумҳури ду кишвар, ки ба ин натиҷа расиданд. Инро барвақт кардан даркор буд, ман солҳо орзуи инро доштам."