Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Нақшаи даъват ба артиш “66 дарсад” иҷро шуд


Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати артиш беш аз 60 дар сади нақша иҷро шудааст.

Даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27 сола ба хидмати ҳарбӣ рӯзи якуми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр, дар хабарномае гуфт, то имрӯз дар кишвар нақшаи даъват 66 дар сад иҷро шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нурободу Вахш ва Фархор аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ба хидмат хабар додаанд.

Вазорат гуфт, дар 20 рӯзи даъват ба хидмати ҳарбӣ нақша дар вилояти Хатлон 71 дар сад ва дар Душанбе 65 дар сад пур шудааст.

Ба иттилои масъулин маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои дигар “Мутташакилона ва дар сатҳи баланд” идома дорад.

Дар ҳоле, ки мақомот солҳои ахир аз зиёд шудани шумори хоҳишмандони хизмат дар артиш тавсиф мекунанд, шикоятҳо аз минтақаҳо кам нест. Чун даъвати баҳорӣ, дар даъвати навбатӣ ҳам бархе аз сокинон аз он шикоят мекунанд, ки мақомот барои ба хидмат фиристодани фарзандони синни даъватиашон ба онҳо фишор меоранд. Аз ҷумла баъзе аз сокинон мегӯянд, барқи як деҳаро барои нафиристодани ҷавонон ба артиш қатъ мекунанд.

Ҳамин тавр ахиран талоши ба хидмат бурдани як ҷавон дар шаҳри Ваҳдат ба моҷарони калон табдил ёфта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс. Қазия аз он ҷо шурӯъ шуд, ки ҷавоне бо нашри навор мақомотро барои шеваи ба артиш бурдани бародараш ва латукӯби бибиву модараш танқид кард. Шикояти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по кард ва муаллифи наворро боздошт карданд.

Моҳи августи имсол Додгоҳи ноҳияи Ашт як ҷавони синни даъватро барои саркашӣ аз хидмат дар артиш ҷазо дод. Ҷавонро чордаҳ ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.

Аксарият далели фирор аз артишро дар шароити нохуб ва меҳтарсолорӣ ё дедовишина унвон мекунанд. Дар 6 моҳи ахир ахир мақомот аз муҷозоти дасти кам 10 кӯҳнасарбозу афсарон барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбӣ хабар доданд.

Баҳори имол Додгоҳи олӣ як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон аз 9 -уним то 11 сол равонаи зиндон кард. Моҳи сентябр дар вилояти Суғд, як сержанти хурдро ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG