Шоҳидамо Аҳмадова, ки дар гузашта шаҳрванди Узбекистон буд, баъди оиладор шуданаш бо зодаи Тоҷикистон, соҳиби шиноснома гардид. Ҳоло ин шиноснома зиндагӣ ва издивоҷи ӯро зери суол бурдааст.
Пас аз 12 соли оиладорӣ ва зиндагӣ дар Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни як тафтиш, маълум кардаанд, ки ҳуҷҷатҳои ин зан қалбакӣ буда, бо роҳи ғайриқонунӣ гирифта шудаанд. Хонаводаи зан ҳукми додгоҳро ноодилона хона, мегӯянд ин кор қасдан ташкил шудааст.
Шоҳидамо Аҳмадова, зодаи ноҳияи тоҷикнишини Букаи вилояти Тошканди Узбекистон аст. Соли 2009 бо Султонбек Ҳакимов дар ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон оила барпо кард. Худи ҳамон сол бо кӯмаки хешу табораш аз мақомоти минтақа соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шуд. Вале ду сол пеш дар пайи як баҳс, яке аз наздиконаш нозири минтақавиро огоҳ мекунад, ки ҳуҷҷатҳои Аҳмадова қалбакӣ аст. Ин иддао боис мешавад, ки шиносномаро аз дасташ бигиранд.
Шоҳидамо Аҳмадова, сокини Масчоҳ: “Модарам бемор шуданд ва ба мақомот рафта гуфтам, ки модарам касал аст, як ҳуҷҷат диҳед, рафта ақаллан як бор дасташро қапам то ҷонаш баромадан, ҳеҷ кас ба гапҳоям гӯш накард. Модарам вафот кард, рафта натавонистам. Боз талаб кардам, ки як бор шиносномаамро деҳ ба сари қабраш раваму дилам хунук шавад, ҳар шаб нола дорам, ҳеҷ кас нолаамро гуш накард”.
Шоҳидамо соҳиби оилаву се фарзанд аст. Бо тақозои қонун ва синну сол се маротиба шиносномаи тоҷикиашро иваз карда, дар асоси шиносномаи тоҷикӣ, шиносномаи хориҷӣ ҳам гирифтааст. Тавассути ҳамин шиноснома ба ҳайси китобдор дар мактаб кор карда, соҳиби замини кишоварзӣ гардидааст. Ба се фарзандаш ҳам дар асоси ҳамин шиноснома шаҳодатномаи таваллуд додаанд. Санаде, ки то имрӯз дар ҳама ҷо эътироф мешуду бо он зиндагӣ мекард, акнун барои ин зан дарди сари зиёд овардааст.
“Ҳеҷ ҳуҷҷат надорам. Ҳамту дар хона шиштаам. Заминамро гирифтанд, аз ҷойи корам дар мактаб пеш кардаанд. Бо се кӯдакам мондам, ҳеҷҷо рафтан наметонам. Маҷбур шудам пеши шумо оям. Дигар илоҷ наёфтам”.- гуфт, ин сокини Масчоҳ.
Ин занро моҳи феврали имсол Додраси ноҳияи Масчоҳ бо гуноҳи “сохтакорӣ” 23 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима баст ва ҳуҷҷатҳояшро мусодира кард. Шоҳидамо аз он дар ҳайрат аст, ки чаро дар курсии айбдорӣ танҳо худаш нишастааст ва масъулони шиносномадиҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд. Вай мегӯяд, танҳо ҳуҷҷатҳои дархостиро овард ва аз ғайриқонунӣ будани он бехабар буд.
Шоҳидамо Аҳмадова гуфт: “Ман гуфтам, ки нафаре ба ман шиноснома додааст бояд ёбед, шумо суд ҳастед ва кадом сол, кӣ имзо мондааст, он вақт кӣ дар шӯъбаи шиносномадии Масчоҳи Кӯҳӣ кор мекард, фаҳмида метонед. Майлаш ман чизе шудам, шудам. Вай боз одамони бечораро шояд фиреб диҳад. Мегӯянд, ту хадат айбдорӣ, вай фиребу найранг хӯрда, додааст гуфт”.
Султонбек Ҳакимов, шавҳари Шоҳидамо Аҳмадова мегӯяд, парвандаи ҳамсараш “аз аввал то охир рӯякӣ санҷида шудааст”.
Ҳоло ин оила ҳайрон мондаанд, ки чӣ кор кунанд. Ҳашт моҳ боз наметавонанд маблағи ҷаримаро супоранд. Зеро тақрибан ду гектар замини кишоварзие, ки доштанду Шоҳидамо Аҳмадова дар он саҳмдор буд, мақомот ба соҳиби пешинааш баргардонидаанд ва аз роҳи даромадёбиашон маҳрум шудаанд.
Султонбек Ҳакимов, шавҳари Шоҳидамо Аҳмадова: “Мо се кӯдак дорем. Агар ҳамсарам ба тарафи Узбекистон равад, ба қайди Узбекистон монда намешавад. Агар шиносномаи ҳамсарамро барқарор карда надиҳанд, оилаи мо барбод меравад”.
Дар Тоҷикистон соҳиби шиносномаи ғайриқонунӣ гардидани шаҳрвандони дигар кишвар масъалаи нав нест. Асосан мақомот чандин зодаи Афғонистонро бо ин ҷурм боздошту муҷозот кардаанд. Дар ҳамин ҳол ҳуқуқдонҳо мегӯянд, бояд лаҷоми масъулони мақомоти шиносномадиҳиро ҳам кашанд, зеро дар бештарин ҳолат онҳо дар ивази маблағ корафтодагонро ба гумроҳӣ мебаранд.
Гуфтугӯ