Раҳбарии онро Самеъ Содот, яке аз генералҳои нерӯҳои мусаллаҳи собиқи Афғонистон, ба уҳда дорад. Пеш аз ин Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои олии муқовимати миллӣ ташкил шудааст.
Самеъ Содот рӯзи 19-уми октябр дар Вашингтон гуфт, “мо як ҷунбиши сиёсӣ ба роҳ мондем. Иҷоза диҳед, агар имкон бошад, ҳукумат аз тариқи музокира ва ба сурати мусолиматомез танзим шавад.”
Бо он ки “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” як ҷараёни сиёсӣ эълом шуда, аммо Самеъ Содот аз омодагӣ барои муборизаҳои мусаллаҳона низ гап зад. “Бигзор Толибон дар интихобот ширкат кунанд, аммо агар иҷоза надиҳанд, ки интихобот баргузор шавад, истифода аз зӯр интихоби охирин ва зарурӣ хоҳад буд,” – афзуд ӯ.
Ҳамчунон дар эъломияе аз сӯи “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” омада, ки “ҳокимияти Толибон бар Афғонистон боис ба густариши терроризми байнулмилалӣ, эҳтимоли тасаллути Чин бар манобеи табиии Афғонистон ва ба миён омадани буҳрони башарӣ” дар ин кишвар шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва Билол Каримӣ, сухангӯёни ҳукумати “Толибон”, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ дар ин маврид посух надоданд. Ҳукумати “Толибон” пеш аз ин гуфта буд, ки “сиёсатмадорони собиқ озмуда шудаанд ва умеде вуҷуд надорад, ки ба нафъи Афғонистон тасмим бигиранд”.
Гуруҳи тундрави “Толибон” рӯзи 15-уми августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва шуморе аз мансабдорон, аз ҷумла низомиён, Афғонистонро тарк карданд.
Аввал Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дохил ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ва сипас баъзе аз ҳаракатҳои сиёсӣ ва низомии дигар дар берун аз Афғонистон шакл гирифтанд. Эҷоди ҷабҳаҳои сиёсӣ ва низомӣ алайҳи Толибон чӣ тағйире дар рӯйкарди онон хоҳад овард?
Мирвайс Ошуфта, яке аз огоҳони сиёсӣ, мегӯяд, мухолифати “Толибон” бо озодиҳои мардум ва инкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои эъломияи ҳуқуқи башар сабаби эҷоди гуруҳҳои гуногун шудааст. Вай дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҷанг роҳи ҳал нест”.
“Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” бо кушодани дафтари марказиаш дар Вашингтон дар ҳоле эъломи ҳузур кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва шуморе аз кишварҳои ҷаҳон гуфтаанд, аз муборизаҳои мусаллаҳона ва ҷанг дар Афғонистон ҳимоят намекунанд.
Чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфт, аз ҳар касе, ки дунболи тағйироти сиёсӣ дар Афғонистон аз тариқи хушунат бошад, пуштибонӣ намекунад ва афзуда буд, ки ҳар навъ хушунат ба нафъи Афғонистон ё ҷомеаи ҷаҳонӣ нест.
Гуфтугӯ