Ҳавои ғуборолуда ва хокбориш, ки тақрибан тамоми Тоҷикистон ва бахусус шаҳри Душанберо фаро гирифтааст, ҳоли гирифторони бемориҳои роҳҳои нафасро бад кард.
Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, боди хушку олуда ба гарду ғубор, ки аз шимоли Афғонистон ва Узбекистону Туркманистон ба Тоҷикистон ворид шуд, сабаби хокбориш шуд ва чунин вазъ то шоми 29-уми октябр идома мекунад. Баъд, мумкин аст, борон борида, хоку гарди чеҳраи Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистонро бишӯяд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Фурӯғ Латифова, сокини шаҳри Душанбе гуфт, ки бинобар бемории ҷоғар, дар чунин боду ҳаво нафасгириаш душвор мегардад. Меҳроншо Ҳукуматшозода, як донишҷӯи тоҷик ҳам гуфт, чунин боду ҳаво бештар ҳомили вирус аст ва ба саломатиаш зарар дорад.
Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, сабаби хокбориш боди хушку олуда ба гарду ғубор аст, ки аз шимоли Афғонистон омадааст
Гарду ғубор чеҳраи дарахту роҳу манзилҳоро ба хок монанд кардааст. Сокинон маҷбуранд, ки дар як рӯз чанд бор хонаву ашёи онро пок кунанд.
Бархе аз сокинони хонаҳои баландошёна, ки батареяҳои гармидиҳӣ доранд, гуфтанд, бо иллати хокбориш тирезаҳояшонро кушода наметавонанд ва манзилҳояшон гарму нафасгир шудааст.
Робия Юсуфова, сокини шаҳри Душанбе гуфт, гарду ғубор то даруни хонаҳо даромада ва ҳама ҷоро пур аз чанг кардааст. Ӯ мегӯяд, рӯзе чанд дафъа хонаро тамиз мекунанд ва саҳни ҳавлиро об мезанад, аммо баъди чанд соат бори дигар ҳама ҷойро гарду ғубор зер мекунад.
Ронандаҳое, ки дар хиёбонҳои шаҳр ҳаракат мекунанд, низ мегӯянд, хокбориши ду рӯзи охир кори онҳоро мушкил кардааст. Аз тарси ҷазо нагирифтан барои мошини ифлос, аз ҳаракат дар кӯчаҳои марказӣ худдорӣ мекунанд.
Аъзам Ҷӯраев, ронандаи дигар рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз дирӯз ба ин тараф 4-5 дафъа мошинро шустам. Вақте мошин ифлос аст, нозирони БДА азият мекунанд. Мошинро тоза нигаҳ дорӣ, бо саломатӣ ҳам фоида дорад."
Ҳоло ҳавошиносони тоҷик ваъда додаанд, ки чангу ғубор шоми душанбе поён меёбад. Аммо то он вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон машварат додааст, ки ҳангоми кор дар саҳро эҳтиёт бошанд ва аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.