Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Эрон бо президенти Тоҷикистон дар Душанбе гуфтугӯ кард


Муҳаммадризо Оштиёнӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Муҳаммадризо Оштиёнӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифои Эрон дар Душанбе вохӯрдааст. Дафтари матбуотии президент навишт, ҷонибҳо равобити Душанбе ва Теҳронро дар бахши таъмини амният баррасӣ карданд.

Дар хабарномаи расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, ду тараф ба зарурати ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддирро таъкид намуданд.

Муҳаммадризо Оштиёнӣ 17-уми октябр вориди Душанбе шуд ва бо чанде аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ҷумла вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дидор кард. Ба навиштаи расонаҳои давлатии Эрон, вазирони дифоъ дар бораи густариш додани ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон дар бахши низомӣ суҳбат кардаанд. Дар бораи натиҷаи ин вохӯрӣ ва имзои кадом санаде хабар дода нашудааст.

Сафари вазири дифои Эрон дар ҳоле ҷараён мегирад, ки равобити ниҳодҳои низомии ду кишвар дар солҳои охир рӯ ба густариш дорад. Соли гузашта созиши ду тараф дар таъсиси корхонаи муштараки тавлиди паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Абобил-2” расонаӣ шуд, вале то куҷо ин тарҳ амалӣ гашт, номаълум монд.

Равобити ду кишвар баъди соли 2015 сарду тира буд ва танҳо солҳои охир рӯ ба беҳбуд ниҳод. Тоҷикистон Эронро дар ҳимоят аз ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ва чанд қатли сиёсӣ муттаҳам мекард.

XS
SM
MD
LG