Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дари Маркази тиббии Оғохон дар Хоруғ боз аст", вале...


Акс аз Фейсбук
Акс аз Фейсбук

Масъулони Маркази тиббии Оғохон (Оқохон) дар шаҳри Хоруғ баҳсро бо намояндагони ҳукумат тасдиқ карданд. Онҳо дар эъломияе рӯзи 11-уми октябр гуфтанд, ки "масъалаҳои ҳуқуқӣ бо мақомоти дахлдор баррасӣ мешавад", аммо ҷузъиёт надоданд.

Пештар Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоста буд, ки як қарори раиси шаҳри Хоруғ (аз соли 2018) ва иҷозатномаи давлатӣ (аз соли 2019) дар пайванд ба Маркази тиббии Оғохон (Оқохон) беэътибор дониста шавад.

Ҳангоми иҷрои ин талаб Маркази тиббии Оғохон (Оқохон) аз як муассисаи мустақил ба идораи давлатӣ табдил шуда, зери итоати ҳукумати ВМКБ хоҳад гузашт.

Як намояндаи Маркази тиббии Оғохон дар суҳбати телефонӣ рӯзи 12-уми октябр гуфт, ки баҳс бар асоси шикояти Додситонӣ дар Додгоҳи вилояти Бадахшон ҷараён дорад.

"То замони баромадани қарор кормандону мутахассисон ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод," – афзуд мусоҳиби мо. Вале ӯ гуфт, ки намедонанд сарнавишти Маркази тиббии Оғохон (Оқохон) чӣ хоҳад шуд, мустақил мемонад ва ё давлатӣ мегардад.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани шарҳи мақомот ва далели онҳо барои баҳси додгоҳӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Оғози муҳокимаи додгоҳӣ сарусадоро дар бораи эҳтимоли баста шудани Маркази тиббии Оғохон (Оқохон) дар шаҳри Хоруғ бештар кардааст. Баъзе аз сокинон дар суҳбатҳои телефонӣ ибрози нигаронӣ карданд, ки дар сурати давлатӣ шудани Марказ шароиту фазо ва сарнавишти кормандони он ва намояндагиҳояш дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз чӣ хоҳад шуд.

Алим Шерзамонов, фаъоли бадахшонӣ ва намояндаи мухолифон дар Аврупо, мегӯяд, "бо шурӯи баҳси додгоҳӣ як рӯз дари Маркази тиббии Оғохонро бастанд". Масъулонаш рӯзи 11-уми октябр дар эъломияе гуфтанд, ки "дари Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ боз аст ва ба таври муътадил кор мекунад".

Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.

То ин дам чанд муассисаи мутааллиқ ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон давлатӣ шуда, ё номашро дигар кардааст. Аз ҷумла, моҳи сентябри имсол ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Литсейи Оқохон 25 сол фаъол буд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар моҳи августи имсол гуфт, як сабаби давлатӣ кардани литсей ин буд, ки "берун аз нақшаи таълимӣ фаъолият мекард ва муҳассилони он забони тоҷикиро намедонистанд." Намояндагони созмони Оқохон дар Хоруғ ин иддаоро беасос хонданд.

Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи “Серена”-ро дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат додаанд.

XS
SM
MD
LG