Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон барои қабули "ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ" референдум мегузаронад


Марзи Беларус ва Лаҳистон.
Марзи Беларус ва Лаҳистон.

Нахуствазири Лаҳистон (Полша) рӯзи 13-уми август эълон кард, ки ҳизби ӯ ният дорад дар бораи қабули "ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо" референдум ё раъйпурсӣ баргузор кунад.

Ҷобаҷойии муҳоҷирон бахше аз барномаи Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. Лаҳистон маҳалли будубоши садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва хонаводаи онҳо низ ҳаст.

Дар Лаҳистон рӯзи 15-уми октябр интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ҳизби ҳоким мехоҳад бо баргузории интихоботи порлумонӣ ва референдум ҳамчунон дар қудрат бимонад

Ҳизби "Қонун ва адолат" дар соли 2015 бо ҳамин тарзи истифода аз масъалаи муҳоҷирон дар корзори интихоботӣ тавониста буд ба қудрат бирасад.

Матеуш Мораветский, сарвазири Лаҳистон, дар паёме видеоӣ гуфт, пурсиш ин аст, ки "Оё бо қабули ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо мувофиқ ҳастед?"

Лаҳистон дар ҳоли ҳозир мизбони беш аз як миллион муҳоҷири украинӣ аст. Бо ин ҳол, мақомоти ин кишвар аз муддатҳо пеш эълон карда буданд, ки мусалмонон ва дигар муҳоҷирон таҳдиде барои ҳувияти фарҳанги Лаҳистон ва амнияти ин кишвар ба шумор мераванд.

Ин кишвари аврупоӣ мизбони садҳо паноҳанда аз Тоҷикистон низ ҳаст. Рӯ ба Лаҳистон овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз соли 2015 ва пас аз манъи Ҳизби наҳзати исломӣ шуруъ шуд.

Дар он сол, баъд аз ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзатро тарҳрези ошӯбҳо номид ва сипас бо амри Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон кард.

Теъдоди умдаи дигаре, ки дар ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд, аъзои "Гурӯҳи 24" будаанд, ки ин созмон ҳам дар Тоҷикистон созмони ифротӣ эълон шудааст ва чанд узвашро бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

Омори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Лаҳистон иқомат мекунанд ё паноҳандагӣ гирифтаанд, дақиқ нест. Шумораи онҳо дар соли 2020 ҳудуди 500 нафар гуфта мешуд.

Дар гузашта ҳолатҳои истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба кишвар сабт шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи июни имсол наздикони Сорбон Абдураҳмонзода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки ба "Like"-гузорӣ дар зери навиштаҳои мухолифони ҳукумат гумонбар аст, гуфтанд, ӯ аз Лаҳистон (Полша) ихроҷ (депортатсия) шуд.

Матбуоти Лаҳистон рӯзи 22-юми июн навишт, ки ӯ тавассути Булғористон ба тарафи Душанбе фиристода шуд. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар ин тасмими Лаҳистонро танқид карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG