Дар чанд ҷумла
Исроил гуфт, назоратро ба бахшҳое аз марзаш бо Ғазза ба даст овард

Мақомоти Исроил гуфтанд, ки назоратро дар бахшҳое аз қаламрави худ дар наздикии Навори Ғазза дубора ба даст гирифтанд.
Гуруҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр дар яке аз ҳамлаҳои хунбортарин дар даҳсолаҳои охир марзи Исроилро рахна кард.
Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамла ва ҳуҷуми ҷавобии Телавив, то 9-уми октябр дар Исроил камаш 700 нафар, аз ҷумла ҳудуди 250 нафар дар як ҷашнвораи мусиқӣ кушта шудаанд.
Дар бораи марги беш аз 500 нафар дар Навори Ғазза гузориш расид. Ҷангҷӯёни “Ҳамос” иддао доранд, ки зиёда аз 130 исроилиро гаравгон гирифтаанд.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 8-уми октябр дар нишасти изтирорӣ ва паси дарҳои баста ин мавзуъро баррасӣ кард.
Мақомоти Исроил гуфтанд, дар вокуниш ба ҳамлаи бесобиқаи гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил, ҳудуди 300 ҳазор нерӯи эҳтиётро ба хидмат хонданд ва "иқдоми дигари низомӣ" меандешанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба поён расид

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ки овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид, вале аз касе арзу шикоят нагирифт.
Интихоботе, ки КМИР дар эъломияаш "шаффоф ва ошкоро" номид, рӯзи 2-юми март бе ҳузури намояндагони мухолифон, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва баъзе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ баргузор шуд. Натиҷаи ибтидоӣ рӯзи 3-юми март эълон мешавад.
Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар" танҳо дар шаш соати аввали раъйдиҳӣ 59 дарсади мардум овоз додаанд. Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест. Ба далели иҷоза надоштани хабарнигорон барои бозтоби корзори сиёсӣ маълум нест, ки ҳузури одамон дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ бештар будааст ё камтар.
Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
Намояндагони чанд ҳизбу созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа интихоботро "намоишӣ" донистанд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкот даъват кард. Раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, интихоботро маҳкум намуд.
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст. Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.
Стармер гуфт, бо Фаронса ва Украина тарҳи оташбасро омода мекунанд

"Бритониё ҳамроҳи Фаронса ва эҳтимол як ё ду кишвари дигар бо Украина дар таҳияи нақшаи поён додан ба ҷанг кор хоҳанд кард. Сипас, тарҳро бо Иёлоти Муттаҳида дар миён мегузорем."
Ин изҳороти сарвазири Бритониё Кейр Стармер рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Би-би-сӣ садо дод.
Стармер ҳамзамон таъкид кард, ки барои ҳама гуна созиши сулҳ дар Украина замонати амниятии Амрико зарур аст. Яке аз масоиле, ки рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед мояи баҳси Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Доналд Трамп, президенти Амрико шуд.
Қарор аст, ҳукумати Бритониё бо ҳузури раҳбарони аврупоӣ ва мақомоти баландпояи НАТО дар бораи амният ва сулҳ дар Украина ва афзоиши фишор болои Русия нишасте баргузор кунад.
Сарвазири Бритониё дар остонаи нишаст бо Зеленский мулоқот кард ва пас аз он гуфт, ки ба Украина 2,26 миллиард фунт (2,84 миллиард доллар) қарз медиҳанд.
Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ин қарз иқтидори дифоии Украинаро бештар мекунад ва аз ҳисоби даромаду дороиҳои бандмондаи Русия баргардонда хоҳад шуд."
Аз Никарагуа то Тоҷикистон. Таназзули озодиҳои сиёсӣ дар ҷаҳон

Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House дар гузориши солонааш аз бадтар шудани вазъи озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи маданӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон хабар дод. Гузориш дар охири моҳи феврали имсол нашр шудааст.
Бар асоси ёфтаҳои ин созмони мустақар дар Амрико, дар соли 2024 шаст кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, шоҳиди бадтар шудани вазъи озодиҳо буда, танҳо 32 кишвар дар ин замина пешрафт доштаанд.
"Ҳодисаҳои соли 2024 дар Бангладеш, Сенегал ва Куриёи Ҷанубӣ нишон доданд, ки мардуми одӣ қудрати "не" гуфтан ба авторитаризм, ҳифзи ниҳодҳои озод ва ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони худро доранд," -- гуфта шудааст дар гузориш.
Дар идома мехонем: "Дар ҳоле ки ояндаи Сурия номуайян мемонад, суқути ногаҳонии режими Башор Асад бори собит кард, ки ҳатто низомҳои шадидтарини худкома ҳам тағйирнопазир нестанд."
Зӯроварӣ ва саркӯби рақибони сиёсӣ ҳангоми интихобот, даргириҳои мусаллаҳонаи давомдор ва бештар шудани авторитаризм аз сабабҳои коҳиши озодӣ дар ҷаҳон номбар шудаанд. "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House таҳдидҳои амниятӣ ва сахттар шудани саркӯбро дар ҳукуматҳои худкома аз чолишҳои ҷиддӣ дар соли 2025 медонад.
Ин созмон гуфтааст, барои касоне, ки ба арзишҳои демократӣ пойбанд ҳастанд, зарурист, ки натанҳо ба тақвияти сохторҳои демократии кишвар худ бикӯшанд, балки дар муқобили ҳамла ба демократия дар гӯшаҳои ҷаҳон ҳам биистанд.
Исроил вуруди ҳама гуна коло ва ёриҳоро ба Ғазза боздоштааст

Исроил вуруди ҳама гуна коло ва ёриҳоро ба Навори Ғазза боздоштааст.
Дафтари сарвазир Бенямин Нетаняҳу рӯзи 2-юми март ҳушдор дод, ки агар гурӯҳи тундрави "Ҳамос" пешниҳоди навро барои тамдиди оташбас напазирад, "пайомадҳои бадтаре" хоҳад дошт.
Гурӯҳи "Ҳамос" (аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад) дар вокунише гуфт, чунин рафтори Исроил "сокинони Ғаззаро гурусна мегузорад".
"Ҳамос" ин иқдомро “боҷгирӣ, ҷинояти ҷангӣ ва нақзи ошкорои созиши оташбас" номид.
Марҳилаи аввали оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос”, ки шомили афзоиши кумакҳои башардӯстона буд, рӯзи шанбе ба поён расид.
Ҳанӯз бар сари марҳилаи дувум, ки шомили озодии гаравгонҳои боқимонда дар ивзаи берун рафтани нерӯҳои исроилӣ ва барқарории оташбаси пойдор аст, тавофуқе ҳосил нашудааст.
Ҳукумати Исроил рӯзи 2-юми март эълон кард, ки аз пешниҳоди тамдиди оташбас дар Ғазза дар моҳи Рамазон ва иди Фисҳ ҳимоят мекунад.
Пешниҳоди тамдиди оташбас дар Ғазза байни Исроил ва “Ҳамос”

Ҳукумати Исроил рӯзи 2-юми март эълон кард, ки аз пешниҳоди тамдиди оташбас дар Ғазза дар моҳи Рамазон ва иди Фисҳ ҳимоят мекунад.
Рамазон, моҳи барои мусалмонон муқаддас, рӯзи якуми март шуруъ шуд ва то охири моҳ идома хоҳад кард. Фисҳ, иди яҳудиён, аз 12 то 19-уми апрел баргузор мешавад.
Ин пешниҳодро Стив Виткофф, намояндаи президенти Амрико дар умури Ховари Миёна, дар миён гузоштааст.
Марҳилаи аввали оташбас дар Ғазза байни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, ба поён расид.
Музокирот барои марҳилаи дувуми оташбас сар шудааст. Дар ин гуфтушунид дар Қоҳира мақомоти Исроил ва кишварҳои миёнраве ба мисли Қатар, Миср ва Амрико ширкат доранд.
Басем Наим, узви дафтари сиёсии “Ҳамос”, ба хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, то рӯзи ҷумъа “ҳеч пешрафте” ҳосил нашуд. “Ҳамос” дар ин музокирот ширкат накард, аммо мавқеи ин гурӯҳ тавассути Миср ва Қатар баён шудааст.
Доналд Трамп англисиро ба забони расмии Амрико табдил дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи якуми март фармонеро имзо кард, ки англисиро забони расмии Иёлоти Муттаҳида эътироф мекунад.
Пештар англисӣ танҳо дар 32 аёлат ҳамчун забони асосӣ эътироф шуда, дар сатҳи федеролӣ мақоми расмӣ надошт.
Тибқи матни фармони Трамп, “Эъломияи истиқлол ва Қонуни асосӣ ба забони англисӣ навишта шудаанд” ва аз ин рӯ, “англисӣ кайҳо боз забони расмии Иёлоти Муттаҳида аст”.
Ҳамчунин, дар санад гуфта мешавад, ки эътирофи забони англисӣ ҳамчун забони расмӣ “ба ягонагӣ мусоидат мекунад”.
Ин фармон ҷонибдорон ва мухолифони худро дорад.
Бино ба маълумоти Идораи барӯйхатгирии Амрико, ба ҷуз аз англисӣ забонҳои испанӣ, чинӣ, ветнамӣ ва арабӣ аз забонҳои маъмул дар Иёлоти Муттаҳида ҳастанд.
Стармер гуфт, Бритониё ба ҳимоят аз Украина идома хоҳад дод

Кейр Стармер, сарвазири Бритониё, гуфт, кишвараш ба ҳимоят аз Украина идома хоҳад дод.
Ӯ рӯзи якуми март бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Лондон мулоқот кард.
"Шумо пуштибонии комили Бритониёро доред ва то замоне зарур бошад, бо шумо, бо Украина ҳастем. Ҳарду мехоҳем, ки ба як сулҳи пойдор бирасем. Сулҳи доимӣ, ки бар истиқлол ва амнияти Украина усутвор бошад," – гуфт Стармер.
Ин изҳороти сарвазири Бритониё пас аз як рӯз дидори ҷанҷолбарангези Владимир Зеленский бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, сурат гирифт.
Иёлоти Муттаҳида бузургтарин кишвари кумакрасон ба Украина дар набард бо Русия аст. Дар ҳоли ҳозир равобити Вашингтон бо Киев бо танишҳои рӯбарӯ шудааст.
КМИР: "59% раъй доданд, интихобот баргузоршуда аст"

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, то соати дувоздаҳ 59 дарсади мардум овоз доданд ва "интихобот баргузоршуда аст". Иттилоъро хабаргузории давлатии "Ховар" аз номи раиси КМИР, Бахтиёр Худоёрзода, нашр кард.
Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест. Ҳамчунин, ба далели иҷоза надоштани хабарнигорон барои бозтоби корзори сиёсӣ маълум нест, ки ҳузури одамон дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ бештар будааст ё камтар.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз мушоҳидаи интихобот даст кашида, аксар расонаҳои мустақилу байнулмилалӣ барои бозтоби ин корзори сиёсӣ иҷоза надоранд. Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
То кунун намояндагони чанд ҳизбу созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа интихоботро "намоишӣ" донистанд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкот даъват кард. Раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, интихоботро маҳкум намуд.
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст.
Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон бе ҳузури мухолифон

Дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки бори аввал дар он ҳеч ҳизби воқеан мухолиф иштирок надорад.
Барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз аксар аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон иборат аст ва интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот ин навбат ҳам тағйир намеёбанд.
Дар остонаи овоздиҳӣ Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон нозирони онро барои мушоҳидаи интихобот сабт накарданд ва як қатор расонаҳои мустақил ва байнулмилалӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ ҳам барои бозтоби ҷараёни интихобот роҳ дода нашуданд.
Вазири саноати Чин куҷо шуд?

Нашрияи Financial Times навишт, ки вазири саноат ва фанновариҳои Чин Тзин Ҷуанлун давоми ду моҳи охир дар мазҳари ом дида нашудааст.
Яке аз масъулиятҳои ӯ ба рушди ҳуши маснӯӣ вобаста мебошад. Хабарнигорон мушоҳида кардаанд, ки вазир аз охири моҳи декабр дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ дида намешавад, ҳарчанд дар гузаштаҳо ӯ дар ҳама маҷлисҳо иштирок мекард.
Нашрияи South China Morning Post хабар додааст, ки аз 28 феврал дар саҳифаи интернетии вазорати саноати Чин ба ҳайси раҳбари ин идораи давлатӣ номи собиқ раиси вилояти Ляонин Ли Лэчэн навишта шудааст.
Моҳи октябри соли 2023 дар Чин вазири дифоъ Ли Шанфу ба истеъфо фиристода шуд ва пеш аз ин ӯ низ давоми қариб ду моҳ дар мазҳари ом дида нашудааст. Каме дертар ӯро дар фасод гумонбар эълон карданд.
Таҷрибаи аз мазҳари ом ногаҳон нопадид шудани аъзои ҳукумати Чин ва баъди чанд муддат дар кадом қонуншикание гумонбар шудани онҳо дар гузашта бисёр рӯй додааст. Соли 2021 президент Си Ҷинпин дар ҳукумат маъракаи калони мубориза бо коррупсияро шурӯъ кард ва дар ин замина даҳҳо мақомдор аз вазифа гирифта шуданд.
Маҳдудият дар кори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия "мушкилоти сахте" эҷод мекунад

Маҳдудият дар ҷалби муҳоҷирони корӣ дар Русия барои ширкатҳои сохтмонии ин кишвар мушкилоти хеле ҷиддӣ эҷод хоҳад кард, гуфт президенти Иттиҳодияи муштараки сохтмончиён Антон Глушков.
Ӯ, ки 28 феврал бо оҷонсии расмии ТАСС сӯҳбат намуд, гуфт, ҳоло дар соҳаи сохтмони Русия “тахминан 800 ҳазор хориҷиҳо кор мекунанд, ки асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон буда, бар асоси патенту визаи корӣ қарор доранд.
Маҳдудиятҳои якбораву ҳамзамон дар кори онҳо барои ширкатҳои сохтмонӣ, бахусус дар шароити бекории бисёр кам дар Русия метавонад мушкилоти хеле назаррас эҷод кунад”.
Ӯ гуфт, манъи кори хориҷиҳо дар сохтмон таҳлилу баррасии амиқро талаб мекунад. Глушков таъкид кард, ки коргарони дорои патент ва визаҳои корӣ аслан набояд дар кор бо маҳдудият дучор шаванд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” рӯзи 22 марти соли 2024 дар Русия маҳдудиятҳои фаровону бераҳмонае ба кори хориҷиҳо ҷорӣ шуд ва даҳҳо ҳазор муҳоҷирон аз хоки ин кишвар берун карда шуданд.
Дар Тоҷикистон, ки бисёр оилаҳо аз пули падару писарҳои муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд, ихроҷу маҳдудиятҳоро бисёриҳо дарднок қабул карданд.
Ҳизби коргарони Курдистон аз 1 март бо Туркия оташбас эълон кард

Ду рӯз баъди даъвати раҳбари зиндонии созмон Абдулло Оҷалон ба халъи силоҳ, РКК гуфт, аз муқовимати мусаллаҳона даст мекашад.
Ҳизби коргарони Курдистон (маъруф бо истилоҳи англисии “РКК”) эълон кард, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, 1 март оташбас эълон мекунад.
Дар ин бора нашрияи “Ҳуррият” хабар додааст. РКК дар Туркия, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба феҳристи ташкилоти террористӣ ворид карда шудааст.
Ин созмон шурӯъ аз соли 1984 зидди ҳукумати Туркия амалиёти мусаллаҳона пеш мебарад ва талаб дорад, ки барои курдҳои Туркия як минтақаи мухтор таъсис диҳанд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, даъвати раҳбари зиндонии шӯришиёни курд Абдулло Оҷалон ба халъи силоҳ ва хатми муқовиматҳои мусаллаҳона дар талошҳои Анкара барои эҷоди давлати озод аз терроризм саҳифаи наве боз мекунад. Эрдуғон гуфт, “мо имкон дорем, ки барои ба ҳам задани девори терроризм як қадами таърихӣ гузорем”.
Даъвати Оҷалон барои замин гузоштани силоҳ ва эълони оташбас на танҳо мавриди итсиқболи ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар муттафиқони ғарбӣ гардид. Ироқ ва Эрон, ки ҳамчунин ҷамъияти сершумори курдҳоро доранд, аз ин даъват ситоиш карданд.
Толибон мегӯянд, мӯҳлати созишномаи сулҳи Давҳа бо ИМА ба итмом расид

Мақомоти Толибон дар Афғонистон гуфтанд, ки дигар созиши сулҳи Давҳа бо ИМА-ро амалкунанда намешуморанд, ки соли 2021 барои аз ин кишвар берун шудани нирӯҳои ғарбӣ роҳро боз карда буд, амалкунанда намешуморанд.
Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон, ки рӯзи 28 феврал ба муносибати панҷсолагии ин созиш суханронӣ мекард, гуфт, ин тавофуқнома барои як марҳила буд ва он ба итмом расидааст. Муҷоҳид, ки дар телевизиони давлатии Афғонистон сӯҳбат мекард, гуфт, “Аморати Исломӣ (ишора ба Афғонистон) ҳокимияти худро бар асоси он тавофуқнома пеш намебаранд”. Муҷоҳид гуфт, ки ӯҳдадориҳои Толибон бар асоси ин санад дар бораи пешгирӣ аз истифодаи хоки Афғонистон барои ҳамла алайҳи Ғарбу муттаҳидонаш иҷро шудааст. Муҷоҳид аз Вашингтон даъват кард, ки “барои ҳамоиш бо Афғонистон иқдомҳои мусбат бардорад” ва, мутобиқи тавофуқот, раҳбарони Толибонро аз феҳристи афроди таҳримшуда хориҷ кунад.
Дар ҳоле, ки созиши Давҳа роҳро барои ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон боз кард, як шарти муҳими он – таъсиси ҳукумати нави гузор иҷро нашуд. Созиши Давҳа бо ташаббуси ҳукумати пешини Доналд Трамп имзо шуда буд.
Дар ҳоле, ки Трамп дар яке аз охирин сӯҳбатҳояш дар бораи тафовуқи Давҳа тирамоҳи порсол аз он ҳамчун “як созиши бисёр хуб” ситоиш кардааст, дар дохили Афғонистон мардум ба он назари ҳамсон надоранд. Эҷоди ҳукумати тандрави муҳофизакори динӣ, маҳрум кардани занону духтарон аз ҳақи таҳсилу кор ва монеаҳои фаровони дигар аз сабабҳои бисёр муҳими норизоияти аксар сокинони Афғонистон гуфта мешавад.
Муфтии Тоҷикистон аз коргарони Роғун хост, рӯза нагиранд

Муфтии Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун тавсия додааст, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд.
Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон эълон шудааст, ки яке аз фарзҳояш барои бовармандон гирифтани рӯза аст.
Саидмукррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, ки коргарони Роғун метавонанд дар рӯзҳои истироҳат “рӯзаи қарзӣ” бигиранд.
"Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд,"-гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Муфтии Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, гирифторони беморие, ки рӯза гирифтан боиси авҷи бемориашон мешавад, занҳои ҳомила, афроди солхӯрда ва онҳое, ки бештар аз 40 километр дуртар сафар мекунанд, ҳақ доранд, рӯза нагиранд ё рӯзаи худро ба таъхир андозанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода ба кормандони Роғун таъкиди вижа кардааст, ки корашон “аз ҳад пурамашаққат” аст ва беҳтараш рӯза нагиранд.
Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро давлати Тоҷикистон “тарҳи ҳаёту мамот” барои кишвар номидааст.
Роғун дар сурати такмил шудан метавонад, Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад. Садди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаваттӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Як сокини Варзоб зери тарма ҷон бохтааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки Шӯҳрат Муминов бо мошини “Спринтер” рӯзи 26-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Зимарғи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ҷон бохтааст.
Кормандони кумита ва наздикони ронанда ҷасадро аз зери тарма берун кардаанд.
Шӯҳрат Муминов, сокини 37-солаи ноҳияи Варзоб будааст.
Чанд рӯзи охир дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борида, сабаби фаромадани тарма ва баста шудани роҳҳо шуд.
Оҷонсии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додаанд, ки сокинон дар чунин рӯзҳо бе зарурият ва бе омодагӣ ба сафар набароянд.
Вазири тоҷик ва намояндаи СММ мавзӯи гурезаҳоро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон вохӯрдааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо Иван Салеев 27-уми феврал сурат гирифт.
Манбаъ менависад, "вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо"-и Тоҷикистон бо ниҳоди зертобеи Созмони Милал ва "раванди мусоидат ба паноҳандагон", аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам намояндагии Созмони Милал дар ин бора ҷузъиёти бештар надодаанд.
Ин вохӯрӣ дар ҳолест, ки шикояти гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз беасос ихроҷ шуданашон ба ватан зиёд садо медиҳад.
Дар аввали моҳи декабри соли гузашта, идораи паноҳҷӯёни Созмони Милал аз чунин амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард.
Ба гуфтаи созмон, дар муддати ду рӯз 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯро ба ватанашон ихроҷ кардаанд.
Созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ин равандро фавран қатъ кунад, чун мухолиф ба ӯҳдадориҳои кишвар ва аҳдномаҳои байналмилалиест, ки Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст.
Трамп гуфт, Украина метавонад узвиятро дар НАТО фаромӯш кунад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Украина "метавонад узвиятро дар эътилофи низомии НАТО фаромӯш кунад". Вай ин суханонро дар ҳоле баён кард, ки қарор аст 28-уми феврал дар Кохи Сафед бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский мулоқот кунад.
Трамп ҳамчунин гуфт, умедвор аст, ки ба зудӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқоти як ба як дошта бошад, то барои поён додан ба ҷанги Украина ба созиш бирасанд.
Русия солҳост, ки аз ҳузури нерӯҳои НАТО дар кишварҳои назди Балтик ва Лаҳистон (Полша) интиқод мекунад ва ба ҷобаҷойии низоми дифои мушакии НАТО дар Лаҳистон ва Руминия, мухолифат дорад. Кремл густариши НАТО ба шарқро як таҳдид медонад ва ҳамин масъаларо яке сабабҳои ҳамла ба Украина гуфтааст.
Дар остонаи мулоқоти президентҳои Украина ва Амрико барои имзои созишномаи дастрасии ИМА ба захираҳои маъдани Украина, Доналд Трамп мегӯяд, Амрико замонатҳои амниятии расмӣ ба Украина дар баробари ҳамлаи дубораи Русия ба ин кишварро нахоҳад дод
Доналд Трамп рӯзи 26-уми феврал гуфт, "агар мо дар рушди коркарди маъданҳои Украина ҳузур дошта бошем, ин худ як амнияти худкор аст, зеро мо дар он сарзамин хоҳем буд ва ҳеч кас дар ҳузури Амрико ҷасорати даргириро нахоҳад дошт".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо хабарнигорон афзуд, "Аврупо ҳамсояи наздики Украина аст. Аммо бовар ҳосил хоҳем кард, ки ҳама чиз ба хубӣ пеш биравад".
Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки барои поёни ҷанг чӣ имтиёзоте бояд дода шавад, Трамп бори дигар узвияти Украинаро дар НАТО рад ва ба мавзеи Русия ишора кард, ки ин масъаларо сабаби оғози ҷанг медонад. Ӯ гуфт, "НАТО? Фаромӯш кунед. Фикр мекунам, ин эҳтимолан сабаби аслии оғози ҳамаи моҷаро будааст".
Украина бо Амрико қарор аст тавофуқеро бар сари манбаъҳои табиӣ имзо кунад, ки дар гирудори талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия алайҳи Киев, муҳим дониста мешавад.
Нусхае аз ин созиш ба дасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расидааст ва он ба пурсишҳои калидӣ посух намедиҳад ва бештари ҷузъиёти он ба созиши оянда вогузор шудааст.
Барои Трамп, раисҷумҳури Амрико ин созиш мумкин аст як пирӯзии сиёсӣ бошад. Ӯ ба шиддат барои ин созиш талош карда буд ва акнун онро ба даст овардааст. Барои Зеленский кашмакашҳо бар сари ҷузъиёти созиш дар пеш аст. Дар ҳоли ҳозир, ин созиш метавонад ба коҳиши ихтилофоти шадид ва ошкори Зеленский ва Трамп кӯмак кунад. Ихтилофоте, ки дар ҷараёни он Трамп ӯро "диктатор" хонда буд.
Владимир Зеленский пештар хостори пешниҳоди замонатҳои расмӣ аз тарафи Амрико дар бораи дубора ҳуҷум накардани Русия ба хоки ин кишвар шуда буд. Аммо Трамп мегӯяд, аврупоиҳо масъули замонатҳои амнияти Украина хоҳанд буд.
Ҳукумати Ҷо Байден аз узвияти Украина дар НАТО ҳимоят карда буд, аммо барои ин кор ҷадвали замонии мушаххас пешниҳод нашуда буд.
Трамп дар ҳафтаҳои ахир фаъолона ба маъракаи поён додан ба ҷанги Украина оғоз кардааст ва мақомоти баландпояи Амрико ва Русия низ ахиран дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.
Аз кушта шудани сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсов даҳ сол гузашт

Аз замони кушта шудани Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолиф дар Русия, даҳ сол гузашт.
Ӯро рӯзи 27-уми феврали соли 2015 дар болои пуле дар наздикии Кремл паронданд. Ҳамагӣ 55 сол дошт.
Мақомоти Русия дар қатли Немтсов панҷ чеченро гунаҳкор дониста, ба зиндон андохтанд.
Мунтақидони ҳукумати Русия ва ҳамкорону наздикони Немтсов мегӯянд, то ҳанӯз муайян нашудааст, ки куштани ӯро кӣ супориш дода буд.
Борис Немтсов дар солҳои 90-ум муовини ислоҳталаби сарвазири Русия буд ва дертар ба яке аз мухолифони сарсахти президент Владимир Путин табдил ёфт.
Вай ҳамлаи Русия алайҳи Украинаро дар соли 2014 маҳкум карда, онро "бадбинӣ" ва "бар зиёни Русия" дониста буд.
Ин сиёсатмадор вақте кушта шуд, ки бо ҳамкоронаш рӯйи гузорише дар бораи дахолати Маскав ба умури кишварҳои ҳамсоя кор мекард.
Посухи маъмурияти Доналд Трамп дар бораи USAID ба додгоҳ

Маъмурияти президент Доналд Трамп додани 90 дарсади ёриҳои хориҷии Амрикоро ба воситаи USAID бас кардааст. Ин маълумотро телевизиони CNN аз ҳуҷҷатҳои додгоҳӣ пайдо намуд.
Тибқи ин санадҳо, маъмурияти Трамп 5800 гранти хориҷиро қатъ карда, беш аз 500-тои онро пурра боздоштааст. Пули умумии ин грантҳо ба 57 миллиард доллар мерасад.
Баробар бо ёриҳои USAID, 4100 гранти ҳукумати Амрико бекор карда шуд ва 2700-и он боқӣ монд.
Ин посухи маъмурияти Трамп ба додгоҳ фиристода шудааст, ки қонунмандии боздошта шудани кумакҳоро ба давлатҳои хориҷӣ муҳокима мекунад.
Дар санад инчунин гуфта шудааст, ки котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио шахсан ҳар як тарҳи грантиро арзёбӣ карда, барои ҳифзу идомаи он ва ё баста шуданаш қарор қабул кардааст.
Даъвогарон бовар надоранд, ки як одам ва ҳатто гурӯҳе аз шахсон тавонанд дар як фурсати бисёр кӯтоҳ ҳамаи ин тарҳу барномаҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, қарори дуруст қабул кунанд.
USAID ё Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико дар соли 1961 бо мақсади расондани ёриҳои байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида таъсис шуд.
Ин созмон дар давоми беш аз сӣ сол ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар ёрӣ кардааст.
Куриёи Шимолӣ дигарбора ба Русия сарбоз фиристодааст

Куриёи Шимолӣ дигарбора ба Русия сарбоз фиристода, бархеро дар вилояти Курски ҳаммарз бо Украина ҷойгир кардааст.
Дар ин бора Идораи истихбороти Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 27-уми феврал хабар дод.
Теъдоди сарбозони фиристодаи Куриёи Шимолӣ дар соли 2025 ба Русия ҳанӯз маълум нест.
Соли гузашта идораҳои истихбороти Куриёи Ҷанубӣ ва Ғарб хабар доданд, ки Пхенян барои мадад ба Русия тақрибан 11 ҳазор сарбоз фиристод.
Маскав ва Пхенян истиқрори нерӯҳои навро ҳанӯз таъйид накардаанд.
Узбекистон маблағи "утилизатсия" барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кард

Мақомоти Узбекистон ҳаҷми андоз барои нобуд кардани нақлиёт ё “утилизатсия” барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кардаанд.
Мақомоти Узбекистон ҳаҷми андоз барои нобуд кардани нақлиёт ё “утилизатсия” барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кардаанд.
Бар асоси қарори ҳукумати ин кишвар, андоз барои нобуд кардани мошинҳои барқие, ки давоми 3 сол ахир истеҳсол шудаанд, 45 миллион сум ё 3,5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.
Соҳибони мошинҳои барқие, ки се сол пеш тавлид шудаанд, барои “утилизатсия” 78 миллион сум ё 6 ҳазор доллар пардохт мекунанд.
Дар қарори ҳукумати Узбекистон омадааст, як ҳадаф аз ин тасмим ҳавасманд кардани корхонаҳои мошинсозӣ дар ин кишвар аст. Чун аз мошинҳои тавлидкардаи ширкатҳои BYD Uzbekistan ва ширкати зертобеи он BYD Central Asia, андоз барои маҳв кардан намегиранд. UzAuto Motors низ аз ин имтиёз бархурдор аст.
Сар аз соли 2024 дар Тоҷикистон низ аз ҳар нақлиёт андози нав барои нобуд ё маҳв кардан гирифта мешавад. Ин навъи андоз барои мошинҳои сабукрав ва мусофирбарҳои хурду калон – 1584 сомонӣ, барои мошинҳои боркаш ва махсус – 2880 сомонӣ, барои мототсиклҳо – 360 сомонӣ муайян шудааст. Мақомот мегӯянд, ин андоз аз ҳар нақлиёт як маротиба ситонида мешавад.
Намояндагони ИМА ва Русия дар Истанбул музокира мекунанд

Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Истанбули Туркия гуфтугӯ мекунанд. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико ва ҳам Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия хабар додаанд. Мақомдорони Туркия ҳам ин хабарро тасдиқ карданд.
Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, мавзӯи ҷанг дар Украина дар ин музокирот баррасӣ намешавад. Кори сафоратхонаҳои Амрико ва Русия дар кишварҳои ҳамдигар аз мавзуъҳои суҳбат будааст.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА пештар гуфта буд, бо Русия тавофуқ кардаанд, ки ҳама ҷойҳои кориро дар сафоратхонаҳо барқарор кунанд. Сафорати Амрико дар Маскав бо маҳдудият кор мекунад ва ҳама консулгариҳои ИМА дар минтақаҳои Русия корашонро қатъ кардаанд. Сабаб ин аст, ки Русия ва Амрико дар иқдомҳои мутақобила дипломатҳои ҳамдигарро ихроҷ карданд.
Моҳи октябри соли 2023 ИМА 225 дипломати русро ихроҷ кард. Русия ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба кор гирифтани русиягиҳоро дар сафоратхонаҳои худ манъ кард. Пештар 70 дарсади кормандони ниҳодҳои дипломатии ғарбӣ дар Русия шаҳрвандони ин кишвар буданд.
Дар ҳамин ҳол ИМА то ҳол номзадии Александр Дарчиевро ба ҳайси сафири нави Русия дар Вашингтон тасдиқ накардааст. Амрико ҳам баъди сари кор омадани Доналд Трамп дар Русия сафири нав таъин накардааст.
Порлумони Қирғизистон ба баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон оғоз кард

Порлумони Қирғизистон имрӯз, 27 феврал ба баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон оғоз кард.
Хабаргузории қирғизии kaktus.media навишт, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумон гуфтааст, "шурӯъ аз имрӯз муҳри махфӣ ё "барои истифодаи хидматӣ" аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон бардошта мешавад".
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд. Тошиев дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон аз вакилон даъват кардааст, ки "коғазу қалам бигиранд ва суханронии ӯро бо диққат гӯш кунанду нависанд ва суол диҳанд".
"То ин замон ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли "барои истифодаи хидматӣ" буданд, зеро ҳангоми кор метавонистанд, шарҳу тавзеҳҳои гуногун сар зананд ва ба натиҷаҳо таъсири манфӣ расонанд. Аммо сар аз имрӯз мӯҳри "истифодаи дохилӣ" бардошта мешавад, мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро мо аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳо (дар порлумони Қирғизистон. Р.О.) тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо гузошта мешавад. Баъдан мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд, созишнома баста мешавад",-гуфтааст Тошиев.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст ва маълум нест, ки оё порлумони Тоҷикистон ба баррасии созишнома оғоз кардааст ё не.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:
- Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
- Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
- Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ
Аммо ҷузъиёти ин санадҳо расонаӣ нашудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд.
Мақомоти қирғиз ахиран гуфтанд, ки рӯзи 31-уми марти имсол роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон хабар дод ва гуфт, дидори роҳбарони се давлат, қадами муҳиме барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Ронандаи тоҷик барои сабти ғайриқонунии муҳоҷирон муҷозот шуд

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ронандаи тоҷик Раҳматшоҳ Қурбоновро, ки бо автобус ба дарё афтида буд, барои сабти номи ғайриқонунии муҳоҷирон ҷазо додааст.
Хабаргузории ТАСС навиштааст, додгоҳ Қурбоновро 106 ҳазор рубл ё бештар аз ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баст.
Зодаи Тоҷикистон ба он гунаҳкор шудааст, ки дар манзилаш беш аз 40 муҳоҷирро сабти ном кардааст, аммо дар асл онҳо онҷо зиндагӣ намекарданд.
Назари Раҳматшоҳ Қурбонов ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Ин зодаи Тоҷикистон ронандаи мусофирбаре буд, ки моҳи майи соли гузашта ба дарёи "Мойка" афтод. Дар ин ҳодиса 7 нафар ба ҳалокат расид.
Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбоновро ба 6 сол зиндон маҳкум кард. Тафтишот маълум кардааст, ки корфармо ба ронанда дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ надодааст.
Ба нақли ҳамсари Раҳматшоҳ Қурбонов, вай як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат, дубора ӯро ба кор хонд.
Ҳукумат барои баргардондани қарзи хориҷӣ 43 млн сомонӣ ҷудо кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардондани қарзи хориҷӣ аз Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ 43 миллион сомонӣ ё наздики 4 миллион доллар ҷудо кардааст.
Қарори ҳукумат 14-уми феврал содир шуда, Радиои Озодӣ 27-уми феврал бо он шинос шуд. Дар санад омадааст, 43 миллион сомонӣ аз ҳисоби суд ё фоидаи саҳмияҳои давлатӣ пардохта мешавад.
Имсол муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи "Эксимбонк"-и Чин фаро мерасад ва барои ҳамин, харҷи Тоҷикистон барои бозгардондани қарзи хориҷӣ як баробар зиёд мешавад.
Соли 2025 кишвар бояд 473 миллион долларро бояд бозпас бидиҳад. То ин вақт Тоҷикистон солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард.
Намояндагони Вазорати молия пештар гуфта буданд, ки ҷойи нигаронӣ нест ва барои бозпас додани қарзи хориҷӣ дар буҷа маблағҳои лозим пешбинӣ шудааст.
Бар асоси қарори нав, маълум мешавад, ки ҳукумат барои ин кор аз Фонди стабилизатсионӣ истифода мебарад.