Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Истиқлол" ба "Ал-Наср" дар Арабистони Саудӣ


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» шаби душанбеи 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз доир гардид.

Ҳарчанд дар нимаи аввали дидор тӯб бештар дар ихтиёри мизбонон буд ва онҳо вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, муваффақ нашуданд. Рустам Ятимов, ки маҳорати баланд нишон дод, дар бисёр лаҳзаҳо дарвозаи “Истиқлол”-ро аз гол эмин дошт.

Футболбозони “Истиқлол” дар нимаи аввали бозӣ танҳо як лаҳзаи голзанӣ ба вуҷуд оварда, аз он пурсамар истифода карданд. Ҳисоб дар дақиқаи 44-ум кушода шуд. Дар задани гол легионерҳои “Истиқлол” саҳми арзанда гузоштанд. Сенин Себаи ба тӯби ирсолкардаи ҳамдастааш Денис Беганович дар ҷаримагоҳ соҳиб шуда, онро аз масофаи наздик вориди дарвоза кард. Ин аввалин голи “Истиқлол” дар мусобиқоти имсолаи Лигаи қаҳрамонҳост.

То дақиқаи 65-уми дидор ҳисоби бозӣ ба суди меҳмонон буд. Криштиану Роналду, сарвони бошгоҳи “Ал-Наср”, дар дақиқаи 66-ум бо зарбаи нишонрас аз ҷаримагоҳ ҳисобро баробар намуд. Зимнан, ин аввалин голи Роналду дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мебошад.

Баъди шаш дақиқа Андерсон Талискаи бразилӣ голи дувуми мизбононро бо зарбаи сар ба нишон расонд. Ӯ дар дақиқаи 77-ум бо зарбаи сахт аз ҷаримагоҳ голи севумро ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Ба ин тартиб, дар ин бозии ҷолибу пуршиддат бошгоҳи “Ал-Наср” бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд ва се имтиёз гирифт.

Бояд гуфт, ки сармураббии “Истиқлол” Игор Черевченко бо сабаби вазъи оилавӣ (ҳамсараш дар шаҳри Маскави Русия бемор аст), ба Арабистони Саудӣ нарафт. Дастаро ба бозӣ муқобили “Ал-Наср” ёвари ӯ Юрий Батуренко ба майдон баровард.

Юрий Батуренко дар нишасти матбуотӣ, ки баъди хотимаи ин бозӣ баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт, “мизбононро бо ғалабаи шоиста ва бозии хуб, ки дар нимаи дувуми дидор намоиш доданд, табрик мегӯям. Мо нақшаи худро дар нимаи аввал комилан иҷро кардем, ҳисоби бозӣ ба суди мо буд, дар хати дифоъ хуб бозӣ кардем. Вале дар қисми дувум қувваамон нарасид. Таъвизи футболбозони мо бозиро суст кард”.


Дар ҳайати “Ал-Наср” чанд нафар ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки португолӣ Криштиану Роналду ва хорватӣ Марсело Брозович аз ҷумлаи онҳо буданд, бозӣ карданд.

Довари FIFA Ко Ҳюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари ин бозӣ буд.

Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Персеполис”-и Эрон, ки шаби 2-юми октябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа барпо гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Умед Алишоҳ дар дақиқаи 63-юм зад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо се имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

“Ал-Дуҳайл” ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар даври севуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр «Истиқлол» дар Теҳрон бо «Персеполис»-и Эрон ва «Ал-Наср» дар сафар бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бозӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ. Бе тамошогар.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себаи, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Седрик Гогуа (Содиқҷон Курбонов,15), Иван Новоселетс, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов (Алиҷон Кароматуллозода, 71), Табрез Исломов, Денис Беганович (Шаҳром Сулаймонов, 71), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 58), Сенин Себаи.

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк». 20770 тамошогар.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Персеполис» (Эрон)

2

1

0

1

1-2

3

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

2

0

1

1

0-1

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

0

1

1

1-3

1

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Ал-Наср» (Эрон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG