Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ узви "Бутун Кыргызстан"-ро ҳабс кард


Замирбек Шамшидин
Замирбек Шамшидин

Узви Ҳизби мухолифи "Бутун Кыргызстан" Замирбек Шамшидин уулу бо қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек то 20 октябр ба ҳабс гирифта шудааст.

Вакили дифои гумонбар Алманбет Бексултонов гуфт, зидди шахси зери ҳимояаш рӯзи 8 сентябр бо банди “Даъвати оммавӣ ба ғасби қудрат” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо банди парванда баъди иштироки Замирбек Шамшидин уулу дар тазоҳуроти назди бинои Додгоҳи шаҳрии Бишкек дар рӯзи 13 сентябр ба "Бетартибии оммавӣ" иваз шудаст.

Раиси Ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров 2 сентябр боздошт шуд ва додгоҳ худи он рӯз сиёсатмадорро то 24-уми октябри имсол ба ҳабс гирифт.

Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар "хиёнат ба давлат" гумонбар мекунанд. Вай тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахан Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG