Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошин ё санҷиши зиёд? Навбати дароз дар марзи Узбекистон ва Тоҷикистон. ВИДЕО


Мошинҳои ҷамъшуда дар марзи Тоҷикистону Узбекистон
Мошинҳои ҷамъшуда дар марзи Тоҷикистону Узбекистон

Даҳҳо тоҷир ва ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, ки як ҳафта боз дар сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон дармондаанд ва наметавонанд маҳсулоти овардаашонро ба кишвар ворид кунанд.

Як қисми мошинҳо субҳи 20-уми сентябр марзро гузаштанд, аммо ба гуфтаи ронандагон "то панҷ километри дигар" мошинҳо ҳамчунон мунтазири гузаштан истодаанд.

Масъулони гузаргоҳ мегӯянд, ин ҳолат ба қарори ҳукумат дар бораи манъи овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 пайванд дорад ва бо кам мондани муҳлат селаи нақлиёт дар марз ҷамъ шуд. Ҳукумат барои ворид кардани худравҳои куҳна то 2-юми октябр вақт додааст.

Рӯзи 19-уми сентябр чанд тоҷир ва ронандаи нақлиёти боркаш бо фиристодани аксу навор аз гузаргоҳи "Сариосиё"-и Узбекистон шикоят карданд, ки наметавонанд ба тарафи Тоҷикистон гузаранд. Гузаргоҳи "Сариосиё" дар марз бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Соҳибони нақлиёт гуфтанд, аз Русия ва Қазоқистон хӯрокворӣ ва маҳсулоти бинокорӣ овардаанд ва агар вазъ чунин идома кунад, зарар хоҳанд дид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Даҳҳо мошин дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ ҷамъ шудани нақлиёти зиёдро тасдиқ карданд. Мақомот сабабро "тӯлонитар шудани санҷиши мошинҳо" гуфтанд.

Аҳмадҷон Бобоев, сардори дидбонгоҳи гумрукӣ дар гузаргоҳи "Дӯстӣ", гуфт, "дарозии як мошини боркаш то 40 метр аст ва дар як километр 20 мошин мешавад. Мо дар як рӯз 100 мошинро гузаронида истодаем. Тасаввур кунед, ки танбашавӣ ва навбатпоӣ чӣ қадар мешавад."

Ба гуфтаи мақомот, ғайр аз мошинҳои боркаш, ҷамъшавии нақлиёти соли бароришашон то 2013 низ дар сарҳад зиёд шудааст.

"Санҷиш ва ба расмият даровардани ҳар як мошини сабукрав ба монанди мошини боркаш вақт мегирад. Ба ҷумҳурӣ дар як рӯз бештар аз ҳазор нақлиёт ворид мешавад. Эҳтимол ин ҳолат то ду ҳафтаи дигар давом ёбад," -- афзуд раиси дидбонгоҳи гумрукӣ дар гузаргоҳи "Дӯстӣ".

Тибқи қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, аз 2-юми октябр овардани мошинҳои истеҳсолаш то соли 2013 ба кишвар манъ мегардад ва зоҳиран тоҷирону соҳибони чунин нақлиёт мехоҳанд аз фурсати боқимонда истифода баранд.

Баъзе аз ронандагони бандмонда дар марз пеш омадани чунин ҳолатро ба дарёфти маводи мухаддир аз як мошини борбар дар гузаргоҳ рабт медиҳанд. Маъмурони гумруки Узбекистон рӯзи 12-уми сентябр аз пайдо шудани қариб 70 кило маводи мухаддир дар гузаргоҳи "Сариосиё" хабар доданд. Дар навори мақомот гуфта шуд, ки мошини боркаши "Волво" аз Тоҷикистон омадааст.

Як моҳ пеш низ дар гузаргоҳи "Ойбек" дар марзи Узбекистону Тоҷикистон аз чунин ҳолат пешгирӣ шуд. Он замон марзбонон аз дохили зарфи газ қариб 53 кило ҳашиш ва бештар аз 3 кило ҳероинро дарёфту омилонашро боздошт карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабарҳо вокуниш накардаанд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсидаанд, ки ин мошинҳо чӣ гуна аз гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон гузаштанд?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG