Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду моҳ баъд дари Тоҷикистон ба рӯйи мошинҳои кӯҳна баста мешавад. ВИДЕО


Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.

Қарори манъи вуруди чунин мошинҳо рӯзи 2-юми август дар сомонаи расмии президенти кишвар нашр шуд.

Дар шарҳи ин санад, гуфта шудааст, ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст”.

Вале бархе ронандагон бар ин назаранд, ки афзоши садамаҳои маргбор рабте ба соли тавлиди мошин надорад ва берун кардани мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 наметавонад мушкилотро кам кунад.

Тоҷикистон вуруди мошинҳои куҳнаро маҳдуд мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Қароре ба ин монанд, ки вуруди мошинҳои кӯҳнаро ба кишвар манъ мекард, 5 сол пеш ҳам содир шуда буд. Он замон ин қарор сабаби дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон дармондани мошинҳои зиёд шуда, нигаронии тоҷиронро ба бор оварда буд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, тоҷирон набояд аз ин қарор нигарон бошанд.

"Ин иқдоми хуб аст, баъзе паҳлуҳои масъала ҳаст. Ҳамаи ин дида шуда истодааст. Барои ҳамин ҳам мӯҳлат доданд, аз дилхоҳ нуқтаи замин, агар шартномаҳо пешакӣ баста шуда бошад, овардан мумкин. Ҳамаи ин ба инобат гирифта шудааст, ки одамон корҳояшонро дуруст кунанд"-афзуд, ӯ.

Ҳарчанд мақомот бовар доранд, бо амалӣ намудани ин иқдом садамаҳои нақлиётӣ коҳиёш меёбад, вале Саидаброр, як ронандаи тоҷик дар ин бора назари дигар дорад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, “садамаҳо на аз соли барориши мошин, балки аз беэҳтиётии одамоне, ки савод надоранду ҳуҷҷати ронандагиро харидаанд, сар мезананд”.

Баҳодур Раҳимов, тоҷири мошин қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қарори навбатии ҳукумат боиси боло рафтани қимати мошинҳои кӯҳна шуда, дастрасии сокинонро ба хариди мошин маҳдуд мекунад. Вай афзуд: “Мисол мардум пул надоранд. Вақте ки мошинҳои то соли 2013 ворид нашуд, мардаки камбағал аз куҷо 250-300 ҳазор сомонӣ пайдо мекунаду мошини нав мехарад”.

Бархе огоҳон бар ин назаранд, ки бо манъи воридоти мошинҳои истеҳсоли то 2013, тоҷирон талош мекунанд бо тағйири соли истеҳсоли мошин ва сохтакории дигар санадҳо, мошинҳои кӯҳнаро ба кишвар ворид намоянд ва эҳтимол ин тасмим мавридҳои фасодкориро афзоиш хоҳад дод.

Оғози соли 2018 низ ҳукумати Тоҷикистон вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-ро манъ ва сабабро ҳифзи муҳити зист гуфта буд. Вале дар ин чанд соли ахир дар бораи афзоиши олудашавии ҳаво борҳо хабарҳо нашр шудааст.

Ҳоло маълум нест, қарори навбатии ҳукумат то куҷо метавонад ҳадафрас бошад.

Ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти дасти дуввум ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав паст аст. Дар дигар кишварҳо баръакс.

Нақлиёти автомобилӣ асосан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Куриё ва Амрико ворид карда мешавад.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукравӣ соли бароришашон аз 2006 то 2023 ворид шудааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 21 ҳазору 610 адад зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG