Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба суоли хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, алайҳи Абдуқодири Рустам бар асоси қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушоданд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Додситонӣ аз ин бештар ҷузъиёт надодааст, вале манобеи огоҳ боздошти Абдуқодири Рустамро ба нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" иртибот медиҳанд. Муаллифи китоб Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони “Ибни Сино”, ҳам бо иттиҳоми “барангехтани адовати милливу динӣ ва маҳалгароӣ” дастгир шудааст.
Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаро ба гуфтаи хешовандону ҳамкоронаш рӯзи 31-уми август дар назди ҷойи кораш Бемористони байнулмилалии “Ибни Сино” дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Боздошти адиби 65-соларо теъдоде аз рушанфикрони тоҷик, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дигар созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон “Гуруҳи 24”, “Ватандор” ва “Паймони миллӣ” маҳкум карда ва аз ҳукумат хостаанд, ки ӯро бечуну чаро озод кунад.
Гуфтугӯ