Шавкат Мирзиёев ба ҳамин далел рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе даъват кард, ки ҳокимони феълии Кобул ба гуфтугӯҳо дар масъалаи оби минтақа ҷалб карда шаванд. Роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вокуниш накарданд.
"Ба ин назарем, ки бояд гуруҳи кории муштарак барои баррасии тамоми паҳлӯҳои тарҳи канали "Қуштеппа" ва таъсири он ба низоми обӣ дар ҳавзаи рӯдхонаи Ому бо истифода аз пажуҳишгоҳҳои кишварҳои мо таъсис дода шавад,” – гуфт Мирзиёев.
Вай илова кард, ки дар минтақа дар мавриди истифодаи об бозигари наве ба вуҷуд омадааст, ки “дар назди кишварҳои мо ягон уҳдадорӣ надорад.”
Султон Раҳимзода, мудири иҷроияи Бунёди наҷоти баҳри Арал дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои ин нишастро дар миён гузошт, вале дар мавзуи “Қуштеппа” чизе нагуфт.
Гуруҳи “Толибон” соли гузашта хабар дод, ки сохтмони канали “Қуштеппа”-ро дар рӯдхонаи Ому аз сар мегирад. Ба бовари мутахассисон, ин канал метавонад то 30 дарсади оби дарёи Омуро ба шимоли Афғонистон равона кунад.
Дар айни замон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Узбекистон ва Туркманистон баъди ба роҳ андохтани канали “Қуштеппа” ба камбуди об дучор хоҳанд шуд. Мулло Абдулғанӣ Бародар, иҷрокунандаи вазифаи муовини нахуствазири ҳукумати Толибон, қаблан гуфта буд, ки омодаанд тарҳи "Қуштеппа"-ро "дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" амалӣ кунанд.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, бовар дорад, сохтмони “Қуштеппа” мушкили обёриро дар ҳавзаи баҳри Арал душвору печида хоҳад кард. Вай роҳи наҷотро чунин баршумурд:
“Мушкил дар сохтмони канали “Қуштеппа” нест. Мушкил дар низоми қадимаи обёрӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Бояд низоми обёрӣ комилан тағйир дода шуда, ҳамаи кишварҳо ба обёрии қатраӣ гузаранд. Бе ин кор ҳалли мушкилоти камбуди об дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти баҳри Арал ғайриимкон аст.”
“Қуштеппа”, канали бузургтарини обрасонии Афғонистон, қарор аст аз рӯдхонаи Ому дар як сол то бист миллиард мукааб об бигирад. Намояндагони “Толибон” иддао доранд, ки бо истифода аз ин миқдор об шашсад ҳазор гектар замини лалмиро обёрӣ мекунанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ сӣ сол пеш Мувофиқатномаи Алматоро имзо карда, саҳми ҳар кишвари минтақаро дар тақсими об танзим карда буданд.
Афғонистон зери он имзо нагузоштааст, аммо тибқи ин созиш ҳақ дорад барои ниёзҳои худ аз дарёи Ому беш аз 1 миллиард мукааб об бигирад. Канали “Қуштеппа” интиқоли бист миллиард мукааб оби Омуро дар назар дорад. Чизе, ки дар сурати ниҳоӣ шуданаш мушкили камобиро дар Осиёи Марказӣ бештар ва ҷиддитар хоҳад кард.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ