Дар чанд ҳафтаи ахир арзиши рубли русӣ якбора поин рафт ва ин ба зиндагии муҳоҷирони корӣ дар Русия бетаъсир намонд. Бо кам шудани маблағ акнун онҳо дар фикри ҷустуҷӯи манбаъҳои даромади иловагӣ ва ё бештар кардани соатҳои корияшон шудаанд.
Расман, ҳоло дар Тоҷикистон ҳазор рубли русӣ бо 113 сомонию чил дирам иваз мешавад, ки дар қиёс ба се моҳи пеш ба маротиб поинтар аст.