Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар як рӯз орзуву ҳадаф, ҳамаро аз даст додем." ВИДЕО


"Дар як рӯз орзуву ҳадаф, ҳамаро аз даст додем."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

"Дар як рӯз орзуву ҳадаф, ҳамаро аз даст додем."

То имрӯз мақоми ҳуқуқии ин занон рӯшан нашудааст, вале як гурӯҳи амрикоӣ бо номи "Command Purpose" саъй дорад, ба ин занон дар рафъи рӯҳафтодагӣ ва умед ба оянда кумак кунад.

Номи тарҳи онҳо "РАҲО" аст. Заноне, ки шомили он мебошанд, аъзои собиқи гурӯҳи занонаи таъйиноти махсуси артиши миллии Афғонистон будаанд. Онҳо ҳамроҳ бо сарбозони гурӯҳҳои таъйиноти хоси Амрико дар соҳаҳое маълумоти иктишофӣ пайдо мекарданд, дигарон наметавонистанд. Бо сари қудрат омадани Толибон вазъ тағйир ёфт.

Сара Скалли, афсари собиқи артиши Амрико мегӯяд:
"Беруншавии мо пур аз ҳарҷу марҷ буд. Эҳсос мекардем, ки як чизи наздик ба дилу ҷон, ба фарҳангу мардумамон дар фосилаи рӯзҳову соатҳо фурӯ мерезад."

Видеоро инҷо бубинед:

"Дар як рӯз орзуву ҳадаф, ҳамаро аз даст додем."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00


Сара Скалли дар солҳои 2019-2020-ум дар Афғонистон бо воҳиди таъйиноти махсуси занони афғон ифои вазифа кардаааст. Вақте назорати Кобул ба дасти Толибон гузашт, ӯ ба занони низомии афғон дар тарки кишвар кумак кард. Занони афғон он рӯзҳоро бо дарду алам ёд мекунанд.

Ноздода Ҳасанӣ, афсари собиқи артиши миллии Афғонистон:
"Дар як рӯз орзуву ҳадаф, ҳамаро аз даст додем."

Дар тӯли ду соли гузашта тақрибан ҳамаи 40 зани коммандои афғон ба Амрико интиқол ёфтанд ва ҳоло мунтазири тасдиқи санади паноҳандагӣ мебошанд.

Сара Скалли: "Онҳо аз кишваре буданд, ки дар он зани низомӣ ҳадафи ҳамлаҳо будааст. Ин далел, ки баъзе аз онҳо то ҳанӯз мақоми паноҳандагӣ нагирифтаанду ояндаашон рӯшан нест, беадолатӣ аст."

Ҳасанӣ мехоҳад, мутмаин бошад, ки ӯ ва аҳли оилааш ҳеҷ гоҳ ба дасти Толибон нахоҳанд афтид. Ӯ орзу дорад, ки соҳиби ҳаққи иқомати Амрико шуда, ба артиши ин кишвар пайвандад.

Ноздона Ҳасанӣ: "Медонам, ки вақт аз даст меравад. Дар синни муайян ман аз ҳаққи хидмат дар артиши Амрико маҳрум мешавам."

Моҳи ноябр созмони Command Purpose наққошиҳои коммандоҳои афғонро ба намоишгоҳи Ню-Йорк мебарад. Ҳасанӣ порчаи байрақ ва артиши Афғонистонро омода кардааст.

Ноздона Ҳасанӣ, коммандои собиқи артиши миллии Афғонистон: «Афғонистон ҳастии ман, дили ман аст.»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG