Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як бозор дар Тоҷикистон ба коми оташ рафт. ВИДЕО


Сӯхтор субҳи барвақт сар задааст
Сӯхтор субҳи барвақт сар задааст

Бар асари сӯхтор дар калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисор то 10 мағоза ба коми оташ рафтааст. Бозор соати 4-и субҳи имрӯз, 31-уми август оташ гирифт.

Мақомот то ҳол сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарарро расман шарҳ надоданд. Кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ ва маъмурони бозор таъкид намуданд, ки барои дақиқ намудани сабабу омилҳои ҳодиса таҳқиқро шурӯъ кардаанд.

Тоҷирон мегӯянд, дар ин ҳодиса зиёни бузург диданд, вале намедонанд он чӣ гуна ҷуброн хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Оташ нисфи бозори бузурги Ҳисорро “хокистар” кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август ба ҷои ҳодиса рафтанд ва шоҳиди он шуданд, ки бо гузашти 6 соат аз сар задани сӯхтор дар ин бозор, алангаи оташ ҳанӯз намудор буд. Сӯхтор асосан ба мағозаҳои як гӯша ё растаи бозор зиён расонидааст. То қарибии нисфирӯзӣ, равуои мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ дар саҳни бозор дида мешуд.

Кормандони мақомоти интизомӣ ва намояндагони бозор иҷоза надоданд, ки хабарнигорон ба мағозаҳои аз сӯхтор зиёндида наздик шаванду бо тоҷирон сӯҳбат кунанд.

Мақомот як чиз, соҳибкорон чизи дигар мегӯянд

Масъулини бозор гуфтанд, танҳо ду-се мағоза ба коми оташ рафтааст, аммо тоҷирон дар сӯҳбати бидуни сабт иддао доранд, ки дар ин сӯхтор аз 8 то 10 мағоза зарар дидааст. Кормандони бозор таъкид карданд, ки сӯхтор соати 4-и субҳ ба амал омада, сари вақт аз сӯи сӯхторхомушкунон бартараф карда шуд. Аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд.

Ҳабибулло Содиқов, ки солҳост дар ин бозор ронандаи мошини боркаш аст мегӯяд, "вақте омадем соат 7:30-и субҳ буд, сӯхтор идома дошт. Мошинҳои сӯхторхомушкунӣ чанд адад буд, омада оташро хомӯш мекарданд."

"Бозор мутааллиқ ба Муродалӣ Алимардонов буд"

Масъулини бозор ҳодисаро шарҳ надоданд. Чанде аз тоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мунтазиранд, ки масъалаи ҷуброни зарарашон чӣ мешавад.

Бозори масолеҳи сохтмонии Ҳисор дар 25 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, беш аз 10 гектар масоҳат дорад. Масъулин гуфтанд, дар бозор беш аз 70 соҳибкор фаъолият мекунанд.

Баъзе ҳамсӯҳбатони мо дар ҷои ҳодиса ин бозоррро муталлиқ ба Муродалӣ Алимардонов, яке аз мансабдорони собиқи ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Вале маълум нест худи ӯ дар ин бора чӣ назар дорад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ задани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG