Мақомот дар Хатлон тасдиқ карданд, ки бар асари сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бозори "Фаровон" шаби 1-уми июн ба коми оташ рафт.
Нуриддин Воҳидов, пизишки Бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, гуфт, аҳволи як соҳибкор бисёр бад аст. Маҳмадӣ Сангови 50-сола дар бозор дӯкон дошта, мехостааст, ба дигарон ёрӣ расонад, вале бар асари таркиши балони газ 95 дар сади танаш сӯхта ва роҳҳои нафасаш осеб дидааст.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, ба Радиои Озодӣ гуфт, ситоди махсус ташкил шуда, зарари сӯхторро муайян мекунанд. Ҳамкорони мо мегӯянд, даҳҳо соҳибкор дар назди бозор бо масъулин ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ мулоқот доранд. Сӯхтор дар бахшҳои қолинфурӯшӣ, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои электронӣ ва матоъфурӯшӣ рух додааст.
Сабабҳои сар задани сӯхтор ба таври расмӣ эълон нашудааст. Шоҳидон мегӯянд, балонҳои гази моеъ, ки ошхонаҳои бозор истифода мекарданд, сабаби сӯхтор шудаанд.
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.
Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.