Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Чин барои сохтани имиҷи мусбат аз Шинҷон дар Осиёи Марказӣ


Яке аз боздоштгоҳҳои ӯйғурҳо дар Шинҷон
Яке аз боздоштгоҳҳои ӯйғурҳо дар Шинҷон

Раҳбарони 21 расона аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо сафари созмондодаи мақомоти Шинҷон, давоми як ҳафта ба ин минтақаи Чин рафтаанд. Ин маърака охирин кӯшиши Чин барои эҷоди симои мусбати Шинҷон дар пасманзари нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар гуфта мешавад.

Нозирон мегӯянд, Чин мехоҳад симои мусбати Шинҷонро дар Осиёи Марказӣ "фаъол кунад", чун мақомоти минтақаи ғарбии Чин роҳбарони расонаҳо аз чаҳор кишвари Осиёи Марказиро пазируфтаанд.

Мақомоти Шинҷон рӯзноманигоронро ба иншоотҳои энергетикӣ, ки бо Осиёи Марказӣ алоқа доранд ва парки технологӣ бурдаанд. Расонаҳои чинӣ аз қавли рӯзноманигорон аз ҷумла муовини сардабири "Интерфакс-Қазоқистон" навиштанд, ки "хабарнигорон бо чашми худ муваффақиятҳои Шинҷонро мушоҳида карданд."

Талошҳои барои сохтани симои мусбат аз Шинҷон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки кишварҳои Ғарбӣ ҳукумати Чинро барои нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон танқид мекунанд. Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал соли гузашта ҳукумати Чинро барои иқдомҳо алайҳи мусалмонони ӯйғур ва ақаллиятҳои дигари қавмӣ дар Шинҷон танқид карда гуфт, Пекин эҳтимол даст ба "ҷиноятҳо алайҳи башарият" задааст.

XS
SM
MD
LG