Дар Душанбе китоберо муаррифӣ карданд, ки ёддоштӣ аст ва равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан сӣ соли охир дар бар мегирад. Муаллифи “Ҳаводиси рӯзгори ман”, Абдухалил Холиқзода, вазъи мушкили соҳибкорӣ, иштибоҳҳои давраи COVID ва рукуди фарҳангу маорифро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст.
Давоми "Моҷарои рафта"
Сайфулло Муллоҷон, муаррихи тоҷик, мегӯяд, баъзе аз тазкираҳои адабӣ ба мисли Давлатшоҳи Самарқандӣ ва Низомии Арӯзӣ фактҳое барои таърих мондаанд, ки дар осори таърихӣ дида намешаванд.
Ӯ рӯзи 15-уми март дар муаррифии китоби нав гуфт: “Ҳаводиси рӯзгори ман” ҳам таърих аст, ҳам сиёсат, ҳам иқтисод ва ҳам рӯзгори мардум. Абдухалил аз Байҳақӣ мисоли зебо меоранд, ки ҳарчӣ навиштаанд мустанад аст, яъне аз дидаву шунидаҳо ва аз он чизе, ки таҷриба кардаанд."
"Ҳаводиси рӯзгори ман” қисми дувуми ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино аст. Бахши аввали хотираҳои ӯ ба номи “Моҷарои рафта” панҷ сол пеш нашр шуда буд.
Китоби аввал воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бахши дувуми он ҳаводиси кишварро пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар бар мегирад. Дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” муаллиф аз фазои соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим нигаронӣ кардааст.
Муаллиф дар ҷойе аз китоб овардааст: “Дар солҳои баъд аз истиқлол арзишҳои роиҷ аз қабили донишмеҳарӣ ва шоистасолорӣ хеле зуд суқут карданд. Ҳар кӣ мансабу сарват ва зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Боздоште, ки ба вазъи сармоягузорӣ садама зад
Абдухалил Холиқзода як бахши калони китобашро ба вазъи иқтисодӣ бахусус шароити кори соҳибкорон ҷудо кардааст. Ӯ навишта, ки баъд аз таъмини сулҳ дар Тоҷикистон сармоягузорони зиёде вориди кишвар шуданд, вале фишор умеди ин қишрро кам кард.
Муаллиф аз боздошти Маъруф Орифов, молики фурӯшгоҳҳои "Орима", мисол овардааст. Мегӯяд, ин ҳодиса боис ба нобоварии соҳибкорон ба риояи қонун шуд ва фазои соҳибкорӣ дар кишвар садамаи сахт дид. Мақомот, баръакс, борҳо аз ислоҳот ва фароҳам шудани шароити мусоид барои соҳибкорон гуфтаанд.
Дар муаррифии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” баъзе танқидҳо ҳам садо доданд. Сорбон, нависандаи тоҷик гуфт, “забони китоб дурусту қавӣ аст, лекин баъзан калимаҳои арабӣ кор фармуда мешавад, ки ҳама намефаҳмад.”
Баъзе аз иштирокдорон гуфтанд, ба андешаҳои муаллиф Абдухалил Холиқзода бахусус дар бораи вазъият дар Бадахшон ва назараш дар бораи сокинони қисмати дигари Тоҷикистон розӣ нестанд.
Абдухалил Холиқзода дар посух ба ин норозигиҳо гуфт, китоб бардоштҳои худаш аст: “Шояд иштибоҳ кардам, шояд нодуруст фаҳмидам, вале ин диди ман аст."
Дар нишаст ба маҳдуд шудани озодиҳо дар кишвар ҳам ишора шуд.
Ба қавли Умед Бобохонов, муассиси хабаргузории “Азия-Плюс”, барои навиштани чунин китоб “ҷасорат ва ҳам дипломат будан” лозим буд. “Ҷасорат барои ибрози фикри хеш ва дипломат будан барои донистани то чӣ ҳад гуфтан мумкин аст ки оқибаташ ба хайр бошад,” – шарҳ дод ӯ.
Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба хатти сириллик ва форсӣ нашр шудааст.
Чопи хотираҳо дар миёни чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои охир чандон маъмул нест.
Абдухалил Холиқзода хатмкардаи бахши ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, бештар ҳамчун соҳибкор маъруф аст. Соли 2009 бемористони Ибни Синоро дар Тоҷикистон фаъол кард. Дар гузашта нашри чанд китоб, аз ҷумла Девони Рӯдакӣ ва китоби дувуми "Сармаддеҳ"-ро сармоягузорӣ намудааст.
Гуфтугӯ