Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз рӯҳониён хостанд, мардумро насиҳат кунанд, то ҷонваронро озор надиҳанд. ВИДЕО


Гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як муроҷиатнома аз Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон хостаанд, рӯҳониён дар пешгирӣ аз муносибати бад бо ҳайвонот саҳми худро гузоранд.

Дар муроҷиатнома омадааст, ки рӯҳониён дар мавъизаву суҳбатҳои худ дар масоҷид дар бораи муносибат бо ҷонварон, аз ҷумла бо сагу гурбаҳои дайду суҳбатҳои тарбиявӣ гузаронанд.

Рӯҳониёни тоҷик ба ҳимояи бештари ҷонварон даъват шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дархости сокинонро дарёфт карда, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламо гуфт: “Ба мо нав ин чиз расид, пештар ҳам дар ин бора насиҳатҳо мешуд, панду андарзҳо мешуд. Албатта баъди муроҷиати шаҳрвандон ин чиз боз авҷ мегирад. Яъне таъкид мешавад, ки ҳатман мардум нисбати ҳайвонҳо дилсӯзу бораҳму бошафқат бошад.”

Солҳои ахир мавридҳои шиканҷа шудани сагу гурбаҳо аз сӯи кӯдакону ҷавонон ба назар мерасад. Ҳатто акси ҳайвоноти шиканҷашуда ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

Рӯҳониён мегӯянд, дини ислом бераҳмӣ нисбати ҳайвонотро маҳкум мекунад ва бояд муносибат бо ҷонварон натанҳо дар масҷид, хусусан дар хонавода ва мактаб низ дуруст фаҳмонида шавад. “Дар ҳадиси Расули Акрам (с.а.с) дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар (с.а.с) вақте дар бораи марде қисса мекунад, ки вориди чоҳ мешавад ва бо кафши худ об мегирад ва сагеро, ки ташна буд, сероб мекунад. Худованди маннон гуноҳҳои ӯро мебахшад ва сабаби ворид шудани ӯ ба ҷаннат мегардад. Ва билъакс зане ҳам гурбаеро ҳабс мекунаду ба ӯ ғизо намедиҳад...сарозери ҷаҳаннам мешавад.”- афзуд, Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламо.

Сокинон бар ин назаранд, ки дигар кардани муносибати бади бархе аз кӯдакону ҷавонон ва ҳатто калонсолон бо насиҳату маслиҳат чандон осон нест.

Ба гуфтаи онҳо, тарбияи раҳмдилӣ бо ҳайвонот қабл аз ҳама аз хонавода оғоз мешавад. Ҳамчунин бар илова барои ин бояд тадбирҳои ҷиддие амалӣ шавад, ки дар кӯчаву хиёбонҳо ҳайвоноти бесоҳиб сайругашт накунанд.

Тахмина, сокини шаҳри Душанбе ба зарурати кори як ниҳоди махсусе таъкид мекунад, ки ҷонварони хиёбониро назорат ва нигоҳубин кунад. “Шояд ин ҳайвони кӯчагӣ бемор шавад, метавонад, ба одамон гузаронанд. Барои ҳамин инро ҳам ба назар гиранд, ки пишаку саги мо дар кӯчаҳо нагарданд. Худоро шукр, ки камтар шудаасту ба ҳар ҳол дар Душанбе дар дигар ҷойҳо ҳоло ҳам ҳаст.”

“Замони шӯравӣ сагҳоро қапида, тарафи Медгородок мебурданд. Як мошин мегашт, меқапид мебурд. Ҳозир ин хел нест.”- илова кард, Абдуҷамил Мӯъминов, сокини дигари пойтахт.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе чанд паноҳгоҳи ҷонварон аз сӯи созмонҳои ҷамъиятӣ фаъол аст. Аммо ҷонварони бесоҳиб низ дар кӯчаҳои пойтахт ва атрофи он кам намешавад ва теъдоде ҳам аз сӯи сокинон озору шиканҷа мешаванд.

Фаълони ҷамъиятӣ нигаронанд, ки ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон барои бадрафтори ва озори ҷонварон ҳудуди 600 сомонӣ ҷарима муқаррар кардааст, аммо дар асл ин банди қонун иҷро намешавад

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG