Диловар Ҷӯраев бо дархости Қирғизистон дар кофтуков аст ва мақомоти Русия ӯро ба шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ нигоҳ медоранд. Мақомоти Қирғизистон даъво доранд, ки ӯ дар ҷанҷоли марзӣ иштирок кардааст ва бояд боздошт ва дар он кишвар муҳокима шавад. Худаш рад мекунад.
"Зуд-зуд ба боздоштгоҳ мебаранд"
Зодаи 54-солаи Ворухро се сол пеш бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир карда, дертар раҳо намуданд. Он замон шаҳрвандии вай дар Русия бекор шуд. Ҳоло танҳо ҳаққи иқомат дорад.
Ӯ рӯзи 20-уми август аз Новосибирск ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин муддат падарам вафот кард, рафта натавонистам. Нагузоштанд. Пулиси Новосибирск зуд-зуд маро ба боздоштгоҳ мебарад. Аз Додситонии кулли Русия хостам, ки қарори берун нарафтан аз ҷойи зистро бекор кунад ва мунтазири ҷавоб ҳастам.”
Ҳамсуҳбати мо мехоҳад, мақомоти Тоҷикистон дар музокирот бо ҷониби Қирғизистон масъалаи дар пайгард будани ӯ ва шаҳрвандони дигари кишварро дар миён бигузоранд. Дар гузашта камаш ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия бо талаби Бишкек дастгир шуда буданд.
Як масъули консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “масъалаи шаҳрванд Диловар Ҷӯраев”-ро медонанд. Мусоҳиби мо афзуд “чанд бор бо ӯ тамос доштем ва бори дигар даъват мекунему бо ҷузъиёти мушкил ошно шуда, дар пайи ҳалли он мешавем.”
Баҳси замину об
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки барои таъйину нишонагузории сарҳад зиёда аз ду сол боз муноқишаи шадид доранд, чанде аз шаҳрвандони якдигарро дар Русия ба ҷустуҷӯ додаанд. Ҳарду тараф мутмаинанд, ки ин афрод дар ҷанҷоли марзӣ иштирок карда ва ё дар сар задани он нақш доштанд.
Се сол қабл, вақте Диловар Ҷӯраев бо дархости Қирғизистон дар шаҳри Новосибирск дастгир шуд, Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои кишвари ҳамсояро "беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” хонда буд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад. То кунун 664 километри он таъйин шуда, сарнавишти боқимонда норӯшан аст. Ба ҳамин сабаб, даъво бар сари замину чарогоҳҳо ва манобеи об ҳар гоҳ боиси сар задани ихтилоф миёни сокинони наздимарзӣ ва ҷалби низомиён аз ҳарду тараф мешавад.
Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифти ду кишвар ночиз аст.
Гуфтугӯ