Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт маротиба вохӯрданд, аммо сарҳад муайян нашуд. Мушкил куҷост? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз аввали соли ҷорӣ бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайиҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар анҷом нашудааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб ҳафт бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест. Баъзе коршиносон бо ишора ба суст пеш рафтани корҳои таъину аломатгузории марз мегӯянд, Душанбе ва Бишкек дар ин замина ихтилофҳои зиёде доранд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодозии Тоҷикистон 7-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "дар мулоқотҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст". Хоҷазода аз шарҳи бештар худдорӣ карда танҳо гуфт, аломатгузории марз осон нест ва ба вақт эҳтиёҷ дорад.

"Савол ба миён меояд, ки 7 маротиба вохӯрдед, вале дигар хати сарҳад муайян карда нашуд. Дар ҳақиқат вақти мулоқот аз ҳарду тараф пешниҳодҳо, таклифҳо, вариантҳои ҳалли масъала пешниҳод мегардад ва омӯхта мешавад. Дар инҷо манфиатҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон аст, ки бояд ба ҳам оянд. Ин 7 вохӯрие, ки гузашт албатта дар оянда натиҷаи худашро медиҳад”-афзуд раиси Кумитаи замини Тоҷикистон.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр хати марз дорад, ки аз он 664 километраш муайян шудааст. Номуайян мондани сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мусаллаҳона мешавад.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Ташхису аломатгузории марз бо Қирғизистон идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Раиси Кумитаи замини Тоҷикистон таъкид намуд, ки то соли 2023 дар масъалаи алматгузории марз пешравиҳо доштаанд.

"Гурӯҳҳои кории топагрфии ҷонибҳо дар қитъаҳо, дар сарҳади ноҳияи Спитамен, Деваштич ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, навиштаҷоти лоиҳавӣ, гузариши хатти сарҳади давлатиро бо дарозии умумии 101, 88 километр анҷом додаанд. Мо то соли 2023 ҳамин масоҳатро хатти лоиҳавияшро кашидем, ба мувофиқа расидем, протоколҳо ба имзо расонида шудааст”-шарҳ дод, Ориф Хоҷазода.

Таъину нишонагузории марз асосан дар минтақаҳои аҳолинишини ду кишвар мушкил шудааст. Аз як тараф хонаҳо ва аз тарафи дигар истифодаи обу чарогоҳ. Ҳарду ҷониб далелҳои худро пешниҳод намуда, ба ҳақ буданашон пойфишорӣ доранд.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Аммо ончи мояи нигаронии сокинони деҳаҳои наздимарзӣ шудааст, ҷараёни, ба гуфтаи онҳо, сусти аломатгузории марз аст, ки дар гузашта атрофи ин борҳо сӯҳбат кардаанд. Бархе коршиносон тахмин мезананд, ки то ҳол миёни ҷонибҳо дар мавриди муайян намудани хати марз ихтилофҳои зиёде боқӣ мондааст.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 7 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мегӯяд, "ҳоло масъалаҳои ниҳоят мушкил дар миён аст, ки тарафҳо ба як фикр наомадаанд”.

"Пеш аз ҳама ҳамон минтақаҳоеро аломатгузорӣ кардан лозим аст, ки ҳамеша дар онҷо муноқишаҳо рух медоданд. Имрӯз ҷонибҳо фикри ягона надоранд. Фикру андеша, факту рақаме, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ҷониби Қирғизистон қабул надорад, вақте Қирғизистон андешаи худашро пешниҳод мекунад, Тоҷикистон қабул надорад. Яъне сухан пеш аз ҳама дар бораи минтақаҳое меравад, ки қад-қади деҳаҳои Чоркуҳ ва Ворух мегузарад. Яъне дар ҷойе, ки аҳоли зиндагӣ мекунад, дар онҷо ниҳоят душвор аст. Ҷонибҳо ба кӯчаи сарбаста заданд, ба он хотир ки то ҳол аз рӯи харитаҳои давраҳои мухталиф ба масъала муносибат мекунанд,- Неъматулло Мирсаидов.

Пайомадҳои яке аз муноқишаҳои марзӣ
Пайомадҳои яке аз муноқишаҳои марзӣ

Мақомот мегӯянд, кори муайн кардани сарҳад осон набуда, гап дар бораи омӯхтани маҳаллу исботи санадҳо ва манфиатҳои ҳарду тараф аст, ки бояд ба ҳам оянд.

Аломатгузории марз ба яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Душанбе ва Бишкек табдил шудааст. Солҳост, ки дар минтақаҳои муайяннашудаи марз байни сокинон ва низомиён муноқиша сар мезанад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG