Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике, ки дар Украина зидди нерӯҳои Русия меҷангид, кӣ буд?


Бежан Шарофов. Акс аз Фейсбук
Бежан Шарофов. Акс аз Фейсбук
Хабари кушта шудани зодаи Тоҷикистон Бежан Шарофов (Бижан Шаропов), ки дар Украина зидди нерӯҳои Русия меҷангид ва аз моҳи апрели 2022 бедарак буд, рӯзи ҳаштуми январ расонаӣ шуд. Модараш мегӯяд, танҳо санҷиши ДНК ҳувияти ӯро маълум кард. Дӯстонаш гуфтанд, "ӯ мехост, Украина озод бошад".

Аз Душанбе ба Киев

Бежан Шарофови 32-сола дар Академияи илмҳои Украина кор мекард ва шаҳрвандии ин кишварро дошт. Ӯ дар солҳои 2014-2015 дар ҳайати баталйони ихтиёрии "Айдар" дар вилояти Луҳанск ҷангидааст.

Модараш Лола Шарофова рӯзи 10-уми феврал аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҳуҷуми бедалели Русия дар моҳи феврали соли 2022 писараш дигарбора "ба ҳимояти Украина бархост".

"Ихтиёрӣ худро номнавис кард ва барои ҳимоят аз вилояти Киев сафарбар шуд. Албатта, ба ӯ гуфтам, ки ба ҷанг наравад. Мегуфт, агар ҳамчун модар мехоҳам, зиндагии хубу озодона дошта бошем, пас, чаро бояд фарзанди дигарон раваду ӯ не," -- нақл кард хонум Шарофова.

Модару писар дафъаи охир рӯзи 11-уми апрели соли гузашта телефонӣ гап задаанд. Бежан Шарофов аз 13-уми апрел бедарак шуд. Хабари марги биологи ҷавонро 6-уми феврали имсол ба модараш расонданд.

"Баъд аз ҳуҷуми нерӯҳои Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал маро дарҳол аз кишвар берун баровард. Гуфт, ки феълан дар фикри баргаштан набошам, зеро шояд ягон амалиёт шуруъ шавад," – ба ёд овард ӯ.

Модар то лаҳзаи охир ба зинда будани писари ягонааш умед доштааст. Ӯро тобистони соли 2022 ба Киев барои гирифтани ташхиси ДНК ва овардани ҳуҷҷатҳои Бежан Шарофов даъват карданд. Баъди он Лола Шарофова ба Украина рафту дигарбора ба Олмон баргашт. Дар аввали ин ҳафта натиҷаи ДНК кушта шудани Бежан Шарофовро тасдиқ кард.

Хонаводаи Бежан Шарофов замоне аз Душанбе ба Киев кӯчид, ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт. Мактабу донишгоҳро дар Украина хатм кард. Модараш мегӯяд, соли 2016 ширкати хусусии биотехнологии "Ukrainian Genetic Technologies"-ро таъсис дод. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 2019 дар Пажӯҳишгоҳи физиологияи ба номи Богомолетс ба фаъолият пардохт.

"Ба хотири ҳифзи арзишҳояш ба ҷанг рафт"

Нана Войтенко, доктори илми биология ва ҳамкори Бежан Шарофов, ҳалокати донишманди ҷавонро "талафоти бузург дар бахши илми Украина" номид. Вай гуфт, Бежанро аз замони донишҷӯияш мешинохт.

"Ҳамеша фаъол буд. Озодихоҳ буд ва барои ҳақиқат мубориза мебурд. Донишманди барҷаста буд. Метавонист, пул кор кунад, зиндагии шоиста дошта бошад ва модарашро саробонӣ намояд. Модарашро бениҳоят дӯст медошт. Ҳатто тасаввур намекунам, чӣ гуна метавон ин фоҷеаро пушти сар кард," – гуфт ӯ.

Хонум Войтенко афзуд, чун Бежан Шарофов номзади илм буд ва дар Пажӯҳишгоҳи Академияи улум кор мекард, аз ҳаққи сафарбарӣ ба ҷанг озод буд, "вале ӯ ба хотири ҳифзи арзишҳояш ба ҷанг рафт".

Ӯ афзуд: "На барои мурдан, балки ба хотири пирӯзӣ рафта буд. Нақша дошт, кори илмияшро идома ва тиҷораташро равнақ бидиҳад. Танҳо мехост, кишвари мо озод бошад ва илм рушд кунад. То ҷое маълум аст, баталёни ӯ дар маҳалли аҳолинишин дар марзи вилояти Донетск ва Харков моҳи апрел дар иҳота мондааст. Вақте мехостанд, иҳотаро рахна кунанд, зери тирборон монданд."

Ҳамкорону наздикон мегӯянд, Бежан Шарофов ният дошт, издивоҷ кунад, вале ба орзуяш нарасид. Аз ӯ хотираи нек ва корҳои илмияш мондаанд. Лола Шарофова гуфт, ният дорад, фарзанди ягонаашро дар Украина дафн кунад, "зеро ин кишвар ватани дуюмаш гашта буд".

Теъдоди тоҷиконе, ки аз ҷониби Украина дар баробари ишғоли Русия меҷанганд, маълум нест. То ин дам номи даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд, расонаӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG