Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик созишномаи баҳсбарангез бо Русияро тасвиб кардаанд


Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар назди яке аз идораҳои муҳоҷирати Русия.
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар назди яке аз идораҳои муҳоҷирати Русия.

Порлумони Тоҷикистон як созишномаи муҳиме бо Русияро тасвиб кардааст, ки байни ду тараф баҳс сари он солҳои зиёде идома дошт.

Созишнома дар бораи реадмиссия ва шеваи иҷрои онро ҳукумат рӯзи 26-уми июни имсол барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст ва вакилони мардумӣ ҳам зоҳиран онро қабл аз рафтан ба таътили тобистона дар рӯзи 30-уми июн ба тасвиб расонидаанд.

Дар қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ нусхае аз онро рӯзи 12-уми август ба даст овард, аз вакилони мардумӣ тақозо шудааст, ки созишномаро, ки Русия соли 2021 ва Тоҷикистон моҳи феврали соли 2022 имзо кардааст, тасвиб кунанд.

Санади мазкур бештар аз ҳама ба тақдири садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дахл дорад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. «Реадмиссия» - ризоияти як кишвар ба қабули шаҳрвандони худ ва гоҳо хориҷиёнест, ки аз кишвари дигар масалан аз Русия ронда ва ё депортатсия шудаанд. Душанбе ва Маскав дар бораи ин созишнома солҳои дарозе гуфтугу доштанд ва мақомоти Тоҷикистон ҳамвора аз имзо ва ё тасвиби он сарпечӣ кардаанд.

Дар Душанбе мегуфтанд, ки шарту шароити созишномаро қабул надоранд, зеро ҳам аз назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз назари молӣ ба манфиати Тоҷикистон нест. Дар сурати имзои созишнома, ҳукумат уҳдадор мешуд, харҷу хароҷоти ихроҷи ҳазорон муҳоҷири тоҷикро, ки ба сабаби қонуншиканӣ аз Русия ронда шудаанд, бипардозад.

Анвар Бобоев, муовини аввали раиси Оҷонси давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон соли 2011 гуфта буд: "Азбаски ин масъала маблағгузории зиёдро талаб мекунад, Тоҷикистон барои иҷрои он омода нест."

Дар тарҳи куҳнаи Созишнома дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистон, ки соли 2016 ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, омадааст, бояд харҷи аз кишвар берун кардани муҳоҷиронро, ё худи муҳоҷир ва ё афроди саввум бипардозанд. Ҳоло ҳам агар додгоҳе амри ихроҷи муҳоҷири тоҷикеро содир кунад, харҷи билети ҳавопаймо ва ё қаторро ё худаш мепардозад ва агар пуле надошта бошад, рафиқону хайрхоҳонашон пул ҷамъ мекунанду ба назди хонаводааш ба Душанбе мефиристанд.

Теъдоде аз муҳоҷироне ҳам ҳастанд, ки ба ғайр аз ҳукми ихроҷи додгоҳи Русия ҳатто як рубл ҳам надоранд ва гоҳо моҳҳо дар боздоштгоҳ мунтазир мешаванд, ки касе пуле пайдо карда, билет бигираду ба Тоҷикистон баргардорад.

Ҳоло маълум нест, харҷи депортатсия ва ё ихроҷи муҳоҷири ғайриқонуниро, бар уҳдаи кӣ гузоштаанд. Зимни баҳсҳои пешин байни Тоҷикистону Русия мутахассисон мегуфтанд, ки Маскав мехост, пули ихроҷи муҳоҷиронро, ки аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ омадаанд, ҳукумати ватанашон бипардозад.

Созишномаи мазкур дар замоне тасвиб мешавад, ки сару садо дар бораи боздошти садҳо ва ҳазорон муҳоҷири тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия зиёдтар шудааст. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти “Нелегал 2023”, ки рӯзи 25-уми июн ва як рӯз пештар аз пешниҳоди созишнома ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба поён расид, аз саросари Русия 7 ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ронда, ба зидди ҳазорон нафари дигар парвандаҳои ҷиноиву маъмурӣ боз кардаанд.

Русия кишвари аслии муҳоҷирпазири Тоҷикистон аст ва бино ба оморҳои ғайрирасмӣ дар он бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG