Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмоне дар Ню-Йорк хулосаи як додгоҳи Тоҷикистонро танқид кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки Додгоҳи вилояти Суғд ҳафт сол ҳукми рӯзноманигор Хуршед Фозиловро бетағйир гузошт, Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ) раҳоии фаврии ӯро талаб кард.

Мудири барномаҳои созмон дар Ню-Йорк рӯзи 15-уми август дар эъломияе додгоҳҳои Тоҷикистонро накӯҳиш кард, ки аз кормандони расонаҳо "ҷинояткор" месозанд.

Карлос Мартинес де ла Серна гуфт, "Фозилов рӯзноманигори ҳафтуми тоҷик аст, ки дар як соли охир ба муддати дароз зиндонӣ шудааст. Мақомот бояд ӯ ва намояндагони дигари матбуотро аз ҳабс раҳо кунанд."

Вай ҳамзамон тақозо кард, ки иддаои бадрафторӣ нисбат ба Хуршед Фозилов барои ба даст овардани эътирофи ӯ "ҳамаҷониба таҳқиқ шавад".

Маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзноманигори мустақил Хуршед Фозиловро моҳи марти имсол дар шаҳри Панҷакент дастгир карданд.

Ӯ, ки бештар масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла бебарқиву камобиро дар минтақа бозтоб медод, паси дарҳои баста ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

Пайвандонаш гуфтанд, мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор”, ки се сол боз фаъол нест, гунаҳкор донистаанд. Худаш гуфта, ки агар гуноҳро ба дӯш намегирифт, нисфи одам мешуд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар бештар аз як соли охир ҳашт рӯзноманигор ва блогерро асосан ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 20 сол зиндонӣ карданд.

Дар ҳоле ки мақомот ба дурустии тасмими худ пойфишорӣ доранд, созмону кишварҳои ғарбӣ Тоҷикистонро ҳамвора ба тангтар кардани ҳалқаи озодии баён танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG