Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷасадҳои афроди рабудашуда, ҳамчунон идома дорад.
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 4-уми август дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ва Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ҳамзамон дар рӯдхонаҳои “Зарафшон” ва “Душанбе” ҷустуҷӯ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ олуда ва зиёд будани сатҳи об, кори наҷотбахшонро мушкил кардааст. “Сатҳи об ҳоло хеле баланд аст. Суръати об бениҳоят баланд аст. Баъд об ҳоло соф нест. Ҷое ки ба мо нишон доданд барои корҳои ҷустуҷӯӣ хеле душвор аст. Вале мо якҷоя бо хешовандони шахсони гумшуда ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ кор бурда истодаем.”- афзуд, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фақулода.
Генерал Назарзода гуфт, шаби гузашта ҷасадеро аз рӯдхона берун оварда, ба наздиконаш додаанд, ки чанд моҳи пеш ғарқ шудааст. Ӯ афзуд, ки бовар дорад, ҷасади ду фарди бенишоншуда, аз ҷумла Шуҳрат Исматуллоев ҳам пайдо хоҳад шуд. “Кофта истодаем, меёбем. Ҳоло мақомоти дахлдор кор бурда истодаанд ва агар ҷойи ҳодисаро дақиқтар созанд, нағз мешавад” – илова кард, Назарзода.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, Шӯҳрат Исматуллоев муовини ававали раиси “Ориёнбонк” рӯзи 23-юми июни имсол рабуда шуда, бар асари шиканҷа ҷон додааст.
Додситонии кул мегӯяд, ҷасади Исматуллоев ба дарё партофта шудааст. Дар пайванд ба марги ӯ мақомот чанд нафарро дастгир ва чанд нафарро гумонбар эълон карда, баъзеро дар берун аз кишвар меҷӯянд.
Наздикони Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳам, ки моҳи июн рабуда шуда буд, аз он нигаронанд, ки бо гузашти қариб ду моҳ аз вай нишоне пайдо нашудааст ва додситонӣ ҳам онҳоро ба парванда шинос намекунад.
Ба иттилои мақомот, гумонбарон дастони омӯзгорро баста, ӯро дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофтаанд. Ба гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳ бо як нафари дигар боздошт шудааст.
Наздикони омӯзгори рабудашуда ахиран дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, онҳо ҳам ҳамроҳ бо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои Фавқулода ҷустуҷӯ доранд ва ҳатто барои дарёфти нишоне аз Исмоил Раҳмонов бо пардохти маблағ одамони дигарро ҳам ҷалб кардаанд, аммо талошҳо то ҳанӯз бенатиҷа будааст.
Гуфтугӯ