Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи "Ориёнбонк" дар бораи қазияи Исматуллоев


Шуҳрат Исматуллоев моҳи июни имсол рабуда шуд
Шуҳрат Исматуллоев моҳи июни имсол рабуда шуд

Масъулони "Ориёнбонк", бонки наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бори аввал ва пас аз тақрибан се ҳафта дар бораи қазияи Шӯҳрат Исматуллоев иттилоъ доданд. Онҳо дар эъломияе рӯзи 10-уми июл ба шарикону муштариёни худ гуфтаанд, ки муовини аввали раиси бонк "аз ҷониби гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ рабуда шуд".

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июни имсол рабуда шуда, бар асари шиканҷа ҷон додааст. Додситонии кул мегӯяд, ҷасади Исматуллоев ба дарё партофта шудааст, аммо то ҳанӯз онро наёфтанд. Дар пайванд ба марги ӯ мақомот чанд нафарро дастгир ва чанд нафарро гумонбар эълон карда, баъзеро дар берун аз кишвар меҷӯянд. Радиои Озодӣ дурустии хабарҳоро мустақилона тасдиқ ё рад карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG