Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Бадахшон пас аз сели харобиовар дубора боз шудааст. ВИДЕО


Сел дар ноҳияи Дарвоз
Сел дар ноҳияи Дарвоз

Роҳи Душанбе-Бадахшон, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз бар асари омадани сел баста шуда буд, дубора боз шудааст.

Рӯзи 22-уми июл об аз рӯдхонаи Панҷ сар зад ва роҳи Душанбе--Бадахшонро муваққатан баст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сел аз самти Афғонистон ба рӯди Панҷ рехта, маҷрои обро анадаке дигар кард. Ӯ гуфт, роҳ дар деҳаи Сангевд ва Ширговад танҳо ду соат баста шуд.

“Ба ин минтақа техника сафарбар шуда, монеаҳо бартараф шуданд. Ҳоло роҳ боз аст. Танҳо ду симчуб хароб шуда буд, ки онро дуруст карданд,”—гуфт, ӯ.

Сел дар гармои тобистон дар Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа аст. Коршиносон инро паёмади тағийрёбии иқлим меноманд.

XS
SM
MD
LG