Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро орд дар Душанбе арзон шуд, дар дигар ҷойҳо не? ВИДЕО


Баъд аз додани имтиёзҳо ба як воридкунандаи давлатии маҳсулоти ғизоӣ қимати маводи ғизоӣ дар баъзе аз мағозаҳои Душанбе коҳиш ёфтааст. Агар ҳафтае қабл як халта орди тавлиди Қазоқистон то 250 сомонӣ қимат дошт, баъди додани имтиёз ба Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” қимати он дар дӯконҳои ин муассиса то 235 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Раҷабалӣ Муқимов, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои корхона дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кард: “Орд мисол истеҳсоли Қазоқистон 50 кило, 235 сомонӣ навъи якумаш, навъи дуюмаш 200 сомонӣ. Равған 5 литр истеҳсоли Русия 70 сомонӣ. Биринҷ истеҳсоли Покистон 1 кило 10 сомонӣ, аз ҳама арзонтарин. Аз ноҳияҳои Шаҳринав меоянд, аз Ҳисор меоянд, Варзоб меоянд, хеле миннатдорӣ мекунанд.”

Нархи орд дар Душанбе каме арзон шудааст. Чӣ гуна?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон охири моҳи гузашта бо ислоҳи Қонун дар бораи буҷаи соли 2023 баъзе аз воридкунандаҳои маҳсулоти ғизоӣ барои сокинони пойтахти Тоҷикистонро аз пардохти панҷоҳ дарсади андоз ба арзиши изофашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ комилан озод кард. Тағйирот бештар ба фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” рабт мегирад. Тоҷиддин Ҷабборов, сокини ноҳияи Сино, ки аз дӯконҳои ин муассса мехарад, мегӯяд:

”Бисёр фоидаи нағз меорад, ки бисёртар шавад ярмаркаҳо, мисол камбағалҳо аз ҳаминҷо мегиранд. 15 сомонӣ сарфа мешавад, боз 10-15 сомонӣ барои мошин медиҳанд, дар 30 сомонӣ боз 3 кило шакар мегирад, боз фарзандонаш 2-3 ҳафта мехӯранд.”

Аммо қиматҳо дар ноҳияву дигар шаҳрҳои кишвар тағйири чандоне нахӯрдаанд ва ҳамчунон бетағйир ва барои мардуми камбизоат гарон мемонанд. Соҳибназарон мегӯянд, ихтисоси чунин имтиёзҳо ба буҷаи кишвар хисороти зиёде ворид намесозад ва дар сурати натиҷаи хуб додан чунин таҷриба метавонад дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ роҳандозӣ бояд роҳандозӣ шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон: “Сокинони Душанбе замини назди ҳавлигӣ надоранд, ки кишоварзӣ кунанд, ҳамаи сокинон бо маош зиндагӣ ва дар корхонаҳо кор мекунанд. Дар ин шаҳр теъдоди зиёди донишҷӯён аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд. Барои ҳамин, тасмим шуд нахуст барои сокинони Душанбе чунин имтиёзҳо ихтисос дода шаванд. Иқтисоддонҳо ҳисоб карданд, ки ба буҷаи Тоҷикистон ин амр хисороти зиёде ворид намекунад.”

Солҳои ахир порлумони Тоҷикистон ҳамасола барои воридоти чунин маҳсулот барои сокинони шаҳри Душанберо қисман аз андоз озод мекард, вале ин даъфа пардохти боҷи гумрукӣ низ комилан ҳазф карда шуд. Ҳарчанд нарху навои дуконҳои ин корхона поинтар аз бозор шудааст, аммо ба нархи бозорҳои тамоми шаҳр таъсири зиёде намегузорад, зеро қабл аз ҳаргуна ҷашну идҳо ба мисли Рамазону Қурбон дар бозорҳои Тоҷикистон қимати молу маҳсулот ба якборагӣ чанд маротиба боло меравад, вале дигарбора ба нархҳои қаблии худ баргамегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG