Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон, дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта як дарсад арзон шудааст.
Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории Созмони Милал, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро мушоҳида мекунад, дар арзёбии нави худ аз 23-юми январ гуфт, сабаби поин омадани қиматҳо афзоиши воридоти бештари орд аз хориҷ аст.
Дар айни замон арзиши 50 кило орди навъи якум 250 то 285 сомониро ташкил медиҳад.
Дигар хабари хуш барои муштариён дар Тоҷикистон ин аст, ки қимати газ дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта 16 дар сад поин омадааст.
Поин омадани қимати сӯзишворӣ айни замон ба коҳиши нархи дигар маҳсулот дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Гуфтугӯ