Сарфи назар аз дархости Тоҷикистон барои муҳокимаи одилонаи як зани тоҷик, додгоҳи Русия Сайёра Дусаевро ба шашуним сол зиндон маҳкум кард. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ҳукми модари 36-сола рӯзи 6-уми июл содир шуд ва додгоҳ ӯро ба куштани ҳамкори гурҷиаш гунаҳкор донист.
Парвандаи Сайёра Дусаева моҳи январи имсол пурсарусадо шуд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ба сабаби дастдарозии марди ошпаз Сайёра ӯро бо зарби корд куштааст. Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфтааст." Назари вакили мудофеаш дастрас нест.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми июл гуфтанд, ки бо вакили мудофеи Сайёра Дусаева барои бозбинии ҳукми ӯ талош доранд. Як намояндаи сафорат гуфт, “аризаи шикоятӣ аз рӯйи қарори Додгоҳи шаҳри Митишии Маскав омода шудааст ва ба зудӣ ба зинаи болоии додгоҳ супорида мешавад”.
Видеои ҷангу даъво ва кашмакаши зани тоҷик бо марди гурҷӣ ва кушта шудани дувумӣ бо зарби корд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва баҳси зиёд барангехт. Баъди ин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки зани тоҷик аз худ ҳимоят кардааст ва Додситонии кул аз мақомоти Русия хост, парвандаро одилона баррасӣ кунанд.