Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҳам консерти Григорий Лепсро иҷозат надод


Григорий Лепс.
Григорий Лепс.

Консерти овозхони рус Григорий Лепс, ки қарор буд дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шавад, манъ шудааст.

Созмондиҳандагони чорабинӣ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баргузории консерт дар пайи норозигиҳо дар ҷомеаи Қирғизистон манъ карда шуд.

Ин консерт мебоист 2 августи имсол баргузор шавад. Вале бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон ба баргузории он норозигӣ баён кардаанд.

"Қирғизистон дар ҷанги Украина мавқеи бетарафиро ишғол кардааст ва бинобар ин, дар ҳудуди кишвар набояд консерти сарояндаҳое баргузор шавад, ки аз сиёсатҳои низомии Кремл ҷонибдорӣ мекунанд", - навиштааст яке аз корбарон ва сиёсатмадор Алмос Тоҷибой.

Баргузории консерти Григорий Лепс ахиран дар Қазоқистон ва Узбекистон ҳам манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG