Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: ИМА аз ошӯби мусаллаҳонаи "Вагнер" хабар дошт


Евгений Пригожин, раҳбари ширкати зархаридони "Вагнер"
Евгений Пригожин, раҳбари ширкати зархаридони "Вагнер"

Нашрияҳои маъруфи амрикоӣ навиштаанд, ки ИМА аз нақшаи Евгений Пригожин, раҳбари зархаридони “Вагнер” хабар дошт. Дар ин бора нашрияҳои The New York Times, Washington Post ва CNN бо такя ба манобеи бе ном хабар додаанд.

Манбаи нашрияи Washington Post гуфтааст, мақомоти амрикоӣ медонистанд, ки нимаи моҳи июн Пригожин барои ҳушдор ба раҳбарони Русия даст ба ошӯби мусаллаҳона мезанад.

Ҷангҷӯёни “Вагнер”, ки муқобили Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд. Баъдан, мақомоти Русия хабар доданд, ки дар натиҷаи музокирот “Вагнер” аз идомаи ошуби мусаллаҳона даст кашидааст.

Ба навиштаи нашрияҳо, нигаронии Амрико ин будааст, ки сарнавишти силоҳи ҳастаии Русия чӣ хоҳад шуд. Ҳарчанд, Хадамоти иктишофии ИМА аз нақшаи Пригожин хабар доштааст, вале аз замони дақиқи он ва инки дар кадом минтақа ба чӣ шева амал хоҳад кард, хабар надоштаанд.

Манбаи нашрия гуфтааст, Хадамоти иктишофии Амрико рӯзи 21 ва 22-уми июн аз ин вазъият маъмурияти президент ва вакилони конгресро огоҳ карда будааст.

Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 24-уми июн бо раҳбарони Фаронса, Олмон ва Бритониёи Кабир дар ин мавзӯъ суҳбат кардааст. Онҳо дар чунин шароит ояндаи ҷанг дар Украинаро баҳс кардаанд.

Евгений Пригожин шоми 24-уми июн эълон кард, ки ба нерӯҳояш амр додааст, аз роҳ ба Маскав баргарданд, вале сабаби тасмимашро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG