Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

111 ё шумораи транзитӣ? Майори милисаро сабабгори садама донистанд


Садама дар Душанбе, 21-уми июни 2023
Садама дар Душанбе, 21-уми июни 2023

Дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми июн боис ба марги чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесола шуд, як майори милисаро масъул донистанд.

Раёсати корҳои дохилии пойтахт 23-юми июн дар эъломияи расмӣ гуфт, сабабгори садама Орзубек Ҳабибзода, корманди 38-солаи БДА (ГАИ)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Додситонии Душанбе хабар дод, ки ӯро дастгир карданд ва “дар ҳабси пешакист”.

Ба зидди майор Ҳабибзода бар асоси моддаи 212 (қисми 5)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд.

Банди 212-и қонун дар бораивайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт аст. Қисми 5-уми он мегӯяд, ин кирдор аз тарафи шахсе содир шуда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта ё ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад ва аз беэҳтиётӣ боис ба марги ду нафар ё зиёда аз он гардидааст. Аз даҳ то понздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Садамаи мудҳиш бегоҳи 21-уми июн дар назди тарабхонаи “Чаманоро” дар шаҳри Душанбе рӯй дод. Мақомот гуфтанд, Орзубек Ҳабибзода мошинашро, ки “бо суръати зиёда аз 100 километр/соат меронд”, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба “Mersedes Benz” задааст.

Дар ин ҳодиса ронанда ва се мусофири “Mersedes” – Юсуф Забирови 22-сола, Нозим Шарифови 30-сола, Маҳмадраҳим Неъматуллоеви 34-сола ва Маҳмуд Неъматуллоеви 3-сола – ҷон бохтанд. Мусофири "BMW" Суҳроб Султонови 42-сола маҷруҳ шудааст.

Садама дар Душанбе, 21-уми июни 2023
Садама дар Душанбе, 21-уми июни 2023

Аммо ончи боис ба баҳси корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, иттилои “тағйирёбанда”-и мақомот дар бораи рақами мошине буд, ки бо гуноҳи ронандааш садама рӯй дод.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми июн бо нашри чанд акс аз ҷойи ҳодиса навишт, ки рақами “BMW” транзитӣ (С0496 j07) аст. Шоҳидони ҳодиса дар шарҳҳо нигоштанд, ки он на рақами транзитӣ, балки рақами давлатӣ дошт ва онҳо бештар аз 111 ёдоварӣ карданд.

Мақомоти идораи умури дохилии Душанбе рӯзи 23-юми июн дар эъломияе иқрор шудааст, ки рақами “BMW Х5” (соли 2015) 111 WA 01 аст. Маълум нест, чаро масъулон дар рӯзи аввали ҳодиса шумораро пинҳон доштанд. Дар ҳар сурат, чунин рафтори онҳо шубҳаро дар мавриди дуруст будани шарҳи расмии қазия бештар карда.

Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 1100 садама рух додааст. Дар натиҷа, 416 нафар ҳалок шуда, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG