Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон супурд, Тоҷикистон раҳо накард. Талаби наздикони Абдурозиқ Қаҳҳоров. ВИДЕО


Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров
Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров

Пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва сокини пешинаи деҳаи Борбордуки Қирғизистон, кӯшиш доранд, ки бегуноҳии ӯро исбот кунанд. Қаҳҳоров дар пайи даргириҳои марзии соли 2021 аз тарафи Қирғизистон боздошт ва ба гуноҳи ғоратгариву ҷиноят зидди сулҳ зиндонӣ шуд. Дертар ӯро ба ҷониби Тоҷикистон доданд.

Падару ҳамсараш иддао доранд, ки Додгоҳи Қирғизистон ҳукми ноодилона баровард ва мақомоти Тоҷикистон бояд онро бекор кунанд. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба ин хонавода посухи умедворкунанда медиҳанд, вале амалан ҳукми додгоҳи кишвари ҳамсояро ба ҷой меоранд.

“Мегӯянд, дида мебароем, аммо кай?”

Абдухалил Қаҳҳоров
Абдухалил Қаҳҳоров

Падар ва ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров беш аз ду сол боз дари мақомоти Тоҷикистонро мекӯбанд, то ягона ноновари хона ва саробони фарзандонро аз зиндон бароранд.

Абдурозиқ Қаҳҳоровро соли 2021 Додгоҳи Қирғизистон барои акс гирифтан бо сарҳадбонони Тоҷикистон ба 22 сол зиндон маҳкум кард.

Пас аз як сол ӯ ба Тоҷикистон супурда шуд, вале дар маҳбас монд.

Абдухалил Қаҳҳоров, падари Абдурозиқ Қаҳҳоров, мегӯяд, “мақомот фақат як гап мезананд: дида мебароем, нағз мешавад, озод мекунем. Дар асл, кай мешавад? Мо натиҷаро мунтазирем.”

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Абдурозиқ Қаҳҳоров гуноҳ надорад ва тӯл кашидани баррасии ҳукмаш ба саломатии ӯ ва пайвандон таъсир мерасонад.

Абдурозиқ Қаҳҳоров
Абдурозиқ Қаҳҳоров

Ҳамсараш мегӯяд, бо маоши ками фаррошӣ ҳар моҳ чорсад километрро тай карда, ба дидори шавҳар меравад ва барои ӯ хӯроку дорувор мебарад.

Абдурозиқ Қаҳҳоров ҳамроҳи Аскар Юнусов, як зиндонии дигари истирдодшуда аз Қирғизистон, дар зиндони Ёвон аст.

“Ними дандонҳояш рехтааст”

“Бисёр хаста шудам. Касал шудам. Дар зери дари Дастгоҳи иҷроияи президент, Прокуратураи генералӣ, дар зиндон асабӣ шуда ғалтидам. Қарздор шудам. Чизу чораамро фурӯхтам. Ҳоло духтарамро фотиҳа кардем. Мегӯянд, моҳи сентябр тӯй мекунем, ҳайронам, ки падараш меояд ё не,” -- гуфт Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров.

Наргис Ҷабборова афзуд, вазъи шавҳараш низ дар зиндон хуб нест. Ба иддаои ӯ, “ними дандонҳояш рехта, пою миён ва сараш дард мекунад.”

Пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров мегӯянд, ҳарчанд Додгоҳи олӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон чанд моҳ боз ба муроҷиатҳояшон посух намедиҳанд, рӯзи 14-уми июн Додситонии кул ҷавоби умедворкунанда дод.

Дар он гуфта шудааст, ки “нисбат ба Абдурозиқ Қаҳҳоров татбиқ кардани санадҳои башардӯстона баррасӣ карда мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон маҳбусони аз Тоҷикистон гирифтаашро озод кардааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Падару ҳамсараш озодии Абдурозиқ Қаҳҳоровро мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Хонаводаи Абдурозиқ Қаҳҳоров дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон, ҳаммарз бо деҳаи Борбордуки Қирғизистон, зиндагӣ мекунанд. Онҳо чанд сол бо қайди расмӣ дар деҳаи Борбордук низ ба сар мебурданд ва ҳавливу хонави шахсӣ доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи ҷанҷолҳои марзӣ даҳҳо шаҳрванди якдигарро ба гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ё айбномаҳои дигар боздошт карда, дертар қисмеро табодул намуданд. Ҳамин тавр, муноқишаи марзӣ ба сарнавишти даҳҳо инсон таъсир кард.

Даргириҳо ба иллати муайян ва нишонагузорӣ нашудани сарҳад сар задаанд. Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале зиёда аз 300 километри он муайян нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG