Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳақиқатчӣ"-и Қирғизистон ба обмудсмени тоҷик бо як дархост муроҷиат кардааст


Хешовандони Саидаҳмад Ортиқов дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар рӯзи 12-уми ноябр
Хешовандони Саидаҳмад Ортиқов дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар рӯзи 12-уми ноябр

Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бо муроҷиат ба Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон аз ӯ тақозо кардааст, то нагузорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз дар кишвар поймол шавад.

Дар номаи расмӣ, ки рӯзи 11-уми ноябр аз идораи мазкур ба Тоҷикистон фиристодаанд, сухан дар бораи Саидаҳмад Ортиқов ва Нуъмон Самадов, ду шаҳрванди Қирғизистон меравад, ки моҳи сентябр марзбонони тоҷик дастгир кардаанд. Дар бораи ирсоли нома Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё “Ҳақиқатчӣ”-и Қирғизистон рӯзи 13-уми ноябр дар вебсайташ хабар дод.

Дар хабари мазкур омадааст, “Наргиза Ортиқова, ҳамсари Саидаҳмад Ортиқов, шавҳари ӯ ва домодаш Нуъмон Содиқов то кунун ба хона барнагаштаанд ва дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, вале иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешаванд ва онҳоро шиканҷа мекунанд. “

Бо назардошти ин хабарҳо гуфтааст, омбудсмени Қирғизистон “аз шумо хоҳиш мекунем, барои роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони мазкури Қирғизистон чора биандешед ва доир ба натиҷаҳои тафтиш хабар диҳед.”

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзе пештар аз нашри ин баёния ҳамдеҳагону хешовандони Саидаҳмад Ортиқов ба назди бинои ҳукумати Қирғизистон омада, эътироз карданд. Наргиза Ортиқова дар инҷо гуфтааст, ки марзбонони тоҷик шавҳарашро бе ягон сабаб дастгир кардаанд, азоб додаанд ва ҳоло ӯ дар бемористон аст.

Ӯ гуфтааст: “Шавҳари маро сокинони деҳаи Жийделик худашон раиси маҳалла интихоб карданд. То ин замон тоҷикон шаҳрвандони Қирғизистонро дастгир мекард ва шавҳари ман барои озод кардани онҳо кумак мерасонд. Рӯзи 16-уми сентябр маъмурони амниятии Тоҷикистон ӯро дар хона дастгир карданд. Ӯро бурданд ва 40 рӯз аст, нишон намедиҳанд.”

Хешовандони Ортиқова иддао кардаанд, ки Саидаҳмад Ортиқовро азобу шиканҷа додаанд ва ӯ ҳоло дар вазъи баде дар шифохонаи боздоштгоҳи муваққатӣ аст. Ҳарчанд худи ҳамсараш гуфтааст, ки ҳеч хатту хабаре то ҳол дар бораи шавҳараш нагирифтааст.

Афроди боздоштшуда, ки дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон ҷамъ омадаанд аз омбудсмен, раиси ҷумҳур ва раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ дар Қирғизистон хостаанд, ҳамдеҳагони онҳоро озод кунанд.

Одил Байсалов, муовини раис дар девони вазирони Қирғизистон ба назди эътирозгарон омада, ба онҳо ваъда додааст, ки иттило дар бораи шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон дар Тоҷикистонро ба мақомоти марбута мерасонад ва барои раҳоии онҳо мусоидат мекунад.

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, охири моҳи октябр тақрибан 10 шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” дар Тоҷикистон дастгир кардаанд ва чаҳор нафари онҳо аз 2.5 то 5 солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо ба дидори хешовандонашон ба ноҳияҳои Лахш ва Мурғоб рафтаанд, ки онҷо қирғизтаборони зиёд зиндагӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон баръакс мақомоту сокинон аз он ошуфта ҳастанд, ки мақомоти Қирғизистон ду шаҳрванди кишвар Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро дастгир карда ва бо гуноҳи ҷиноят ба зидди сулҳ ва ғоратгарӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум намуданд. Ҳарчанд ҳарду гуфтаанд, ки иттиҳомот беасосанд.

Наргиса Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Ҷабборов низ рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бадрафторӣ бо шавҳараш шикоят кард. Ӯ гуфт, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Қирғизистон дар як рӯз фақат як бор хӯрок медоданд ва бо онҳо “муносибати бисёр дағалона доштаанд.”

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.

Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG